Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Шинохти давлату миллат аз бақои Ваҳдат аст.

     «Аз баракати сулҳу оромӣ мо нақшаҳои худро доир ба пешрафти

босуботи кишвар, ободониву созандагии Ватан ва зина ба зина беҳтар

гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум дар доираи чор ҳадафи

стратегии миллӣ муайян ва муттаҳид намудем, ки имрӯз бо дастгирии

самимона ва саъю талоши ватандӯстонаи халқамон дар ҷодаи амалӣ

гардонидани онҳо бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаем.»

                                                                                                    Эмомалӣ Раҳмон

     

     Ваҳдати миллӣ ифодагари сулҳу субот, осоиштагӣ, оромии ҳар як давлату миллатро баёнгар аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки худ як давлати ҷавон аст, баъд аз ба даст овардани истиқлолият сулҳу суботро низ ба даст овардааст.

    Яке аз дастовардҳои арзишмандтарин ба миллати тоҷик ин ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима гузошта, ба бунёдкорию созандагӣ, ислоҳоти системаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ роҳи васеъ кушод. Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳилаи тозаеро дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва манавию фарҳангӣ оғоз кард. Бояд қайд кард, ки тарҳрезии ин сулҳи деринтизор аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтидо мегирад, ки роҳбари тозаинтихоби Тоҷикистон дар ин анҷуман бо қатъият ва имону эътиқоди комил гуфта буд: “Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам”.

     Бо ташаббуси Роҳбари давлати тоҷикон дар нимаи аввали соли 1993 бо мақсади қатъ намудани ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ, бозгардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ба макони зист, барқарор сохтани манзилҳои  харобгашта, пешгирии раванди таназзули иқтисод ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба хотири рушди Тоҷикистон музокироти сулҳи тоҷикон оғоз шуд, ки давраи аввали он дар шаҳри Москва аз 5 то 19 апрели соли 1994 ҷараён гирифт.

     Ҳамчунин бо мақсади суръат бахшидан ба раванди сулҳу оштӣ Сарвари давлат 17-19 майи соли 1995 дар шаҳри Кулоб бо роҳбари Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи тоҷик мулоқот барпо намуд. Вохӯриҳои баъдина дар сатҳи олӣ 19 июли соли 1995 дар Теҳрон, 10-11 декабри соли 1996 дар Афғонистон ва 19-23 декабри ҳамон сол дар Москва, 21-22 феврал ва 16-18 майи соли 1997 дар шаҳрҳои Машҳад ва Бишкек ва дар маҷмуъ 8 маротиба доир гардиданд.

     Ниҳоят раванди сулҳи тоҷикон бо имзои санади таърихии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба анҷом расид ва ин сана дар тақвими миллати мо ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ сабт гардид. Имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон барои таъмини соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ваҳдати миллӣ ва ба минтақаи сулҳ табдил ёфтани Осиёи Марказӣ таъсири мусбӣ расонида, ин рӯйдоди барои ҷомеаи тоҷикон ҳаётан муҳим ва сарнавиштсоз ҷиҳати амалӣ гардидани ҳадафҳои волои халқи тоҷик заминаи мусоиде фароҳам овард.

     Имзои Созишномаи мазкур оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик ба шумор рафта, ба халқи тоҷик имконият дод, ки ҳифзи истиқлолият ва арзишҳои сулҳу ваҳдати миллиро ҳифз намояд.

      Ҳамзамон ба озодии андеша, виҷдон, озодии фаъолиятҳои иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шароит фароҳам оварда шуд. Озодии инсон ва бузургдошти ҳуқуқҳои ӯ бо бунёдгузорӣ ва такмили ниҳодҳои муносиби умумии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҷомеаи тоҷиконро ба дарёфти Истиқлолияти миллӣ, ки орзуву омоли чандинасраи ин қавми муаззам буд, тақвият бахшид.

      Таърих нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон буда, дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқамон бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст. Имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофарини байналмилалӣ арзиши ҷаҳонӣ пайдо намуд ва мавриди омӯзиш ва истифода қарор гирифтааст.

      Чи хеле, ки шоири бузургвор Мирзо Турсунзода тасвир намудааст: 

 

Сулҳ гӯӣ, мисли гул хандон шаванд,

 Ҷанг гӯӣ, аз ғазаб тӯфон шаванд.

****

Шеъри Турсунзода рози Ваҳдат аст,

Ҳам суруди сулҳ бар ҳар миллат аст.

       Сулҳу ваҳдат чун омили сарнавиштсоз, пойдевори ҳастии миллат ва арзишҳои муқаддаси миллӣ ҷовидона боқӣ хоҳад монд ва миллати тамаддунсози тоҷик фарҳанги сулҳҷӯиву сулҳофариро ба наслҳои оянда ҳамчун сарфарозӣ ба мерос хоҳад гузошт.

      Тоҷикон ҳамеша иттиҳоду ягонагии аҳли ҷомеа ва фалсафаи таҳаммулгароиро тарғибу ташвиқ намуда, бо намояндагони дигар миллатҳо, дину оин ва фарҳанг муносибати некбинона доштанд. Ҳанӯз се ҳазор сол пеш дар китоби муқаддаси ниёгони мо “Авасто” ба таври зайл омадааст: “Мо сулҳу саломатиро меситоем, ки ҷангу ситезаро дарҳам бикашад, бишавад, ки мо бо ҳамаи ростону дурустон, ки дар саросари кишварҳо ҳастанд, ҳамкору анбоз бошем ва ба якдигар муаҳббату ёрӣ намоем”. Ин сулҳ аст ки ҳамаро муттаҳид мекунад. Сулҳ таҷассумгари шодиву нишот, ҳамдигарфаҳмӣ, озодихоҳиву ватандӯстист.

     Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри он расем ва ҳифзу эҳтиёт намоем.

 

 

Сафаргули Шамсулло –

сармутахассиси шуъбаи

давлатии ҳифзи ҳуқуқҳои                                                                                                                                                                                                                                           

иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва

фарҳангии Дастгоҳи ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор