Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ШАРОИТИ РАҚАМИКУНОНӢ

(Дар партави эълон шудани солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия»)

Масоили рақамикунонӣ ҳамчун яке аз равандҳои муҳимми замони муосир маҳсуб ёфта, ҳамакнун кулли соҳаҳои ҳаёти инсонро дар бар гирифтааст. Мусаллам аст, ки раванди мазкур имкониятҳои навро ҷиҳати рушду инкишофи ҷомеа ба вуҷуд меорад, аммо дар баробари ин, таҳдиду хатарҳоро дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд эҷод менамояд. Аз ин лиҳоз, дар ин раванд ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бояд таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.

Албатта, дар асри рақамӣ ҳамқадами замон бояд буд, зеро ин раванд аз мо тақозо менамояд, ки ҳарчи зудтар вориди он шавем ва дар ин ҷода фаъолу масъулиятшинос бошем. Ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ аз 28-уми декабри соли 2024 чунин таъкид ба амал оварданд: «Дар соли 2025-ум доир ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд».

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки бо мақсади  вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми январи соли 2025 дар мамлакат солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардид.

Воқеан, дар шароити муосир интернет ва рушди технологияи муосири коммунакатсионӣ дар амалишавии ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот нақши бузург доранд. Дар робита ба ин суръат, нарх ва дастрасии аҳолӣ ба интернет барои истифодабарандагон муҳим арзёбӣ мешавад.

Бо эълон шудани солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» дар мамлакат, хусусан дар мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои дигар интернети баландсуръат таъмин шуда истодааст.

Чунончи, аз 1-уми июли соли ҷорӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон суръати дастрасӣ ба шабакаи интернет 1,5 баробар зиёд карда шуд. Чунин иқдом муҳим буда, имкон медиҳад, ки гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомот боз ҳам беҳтар гарданд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини дастрасӣ ба иттилоот дар сатҳи қонунгузорӣ ва амалия пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ҷиҳати амалӣ намудани ҳуқуқҳои зикргардида ва бо мақсади ба вуҷуд овардани фазои озоди иттилоотӣ дар мамлакат шароити созгор фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, шаҳрвандон аз тариқи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба иттилооти мухталиф озодона дастрасӣ пайдо менамоянд.

Мувофиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз вазифаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мусоидат намудан ба дастрасӣ ба иттилоот, баррасӣ ва санҷиши муроҷиатҳои шахсони воқеӣ оид ба ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот мебошад.

Бо мақсади муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот аз ҷониби мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мунтазам санҷишу мониторинги фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатӣ ҷиҳати мутобиқати онҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давалатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет» аз 10-уми июли соли 2017 гузаронида мешавад. 

Чунончи, соли 2024 мониторинги фаъолияти сомонаҳои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давалатии ноҳияҳои Қубодиён ва Варзоб гузаронида шуданд.

Натиҷаи санҷиши сомонаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим нишон дод, ки ин мақомот тадбири самарабахши расонидани иттилоот ба шаҳрвандонро тавассути Портали бақайдгирии тӯйҳои домодиву арусӣ ва маросими азодорӣ дар шабакаи интернет бо нишонии www.tanzim.tj ҷорӣ намудааст, ки шаҳрвандон метавонанд, пеш аз баргузории ҷашн ва ё маросим ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо ташриф наоварда, маъракаи худро тариқи электронӣ ба қайд гиранд. Раванди бақайдгирии тӯйҳои домодиву арусӣ ва маросими азодорӣ пурра ройгон мебошад.

Зимни мониторинги сомонаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Қубодиён ва Варзоб як қатор камбудиҳо ба назар расиданд ва баҳри ислоҳи онҳо ба масъулин тавсияҳои дахлдор дода шуд. Ҳамчунин, соли ҷорӣ низ санҷиш ва мониторинги фаъолияти сомонаҳои як қатор мақомоти давлатӣ дар назар дошта шудааст.

Дар асоси Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2025 соли ҷорӣ доир ба вазъи баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, андоз, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, ноҳияҳои Сино, И. Сомонӣ ва дигар мақомоти давлатӣ санҷиш гузаронида шуд. Санҷиш муайян кард, ки дар баъзе аз мақомоти зикршуда, аз ҷумла муроҷиатҳои электронӣ хеле кам ба қайд гирифта шудаанд ва ё умуман ба қайд гирифта нашудаанд. Масалан, дар дастгоҳи марказии мақомоти корҳои дохилӣ дар чор моҳи соли ҷорӣ 22 муроҷиат, мақомоти андоз дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ 16 муроҷиат, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи И. Сомонӣ дар чор моҳи соли ҷорӣ 2 муроҷиат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино дар чор моҳи соли ҷорӣ ягон муроҷиат ба қайд гирифта нашудааст.

Ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон низ муроҷиатҳои электронӣ ворид мегарданд. Масалан, дар шашмоҳи соли ҷорӣ дар Дастгоҳи марказии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 211 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 6 ададро муроҷиатҳои электронӣ ташкил медиҳанд.

Яке аз сабабҳои кам ворид шудани муроҷиатҳои электронӣ ба ин ё он мақомоти давлатӣ дар паст будани маърифати ҳуқуқӣ ва рақамии шаҳрвандон ифода мегардад. Бинобар ин, ҳоло баланд бардоштани маърифатнокии рақамии шаҳрвандон амри зарурӣ ва тақозои замон мебошад.

Масъалаи дигаре, ки ҳоло доир ба он сухан гуфтан ҷоиз аст, ин муроҷиатҳои шаҳрвандон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Солҳои охир чунин муроҷиатҳо зиёд шуда истодаанд. Чунончи, шаҳрвандон доир ба мусоидат намудан ба амалисозии ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии худ, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии шахсони дигар ё пешниҳод намудани маълумот дар бораи вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, норасоиҳо дар фаъолияти мақомоту ташкилоти дахлдор ё танқиди фаъолияти шахсони мансабдор, роҳбарон ва кормандони мақомоту ташкилоти дахлдор ба ин ё он мақомот ва ё шахсони мансабдори давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиат менамоянд. Дар умум, чунин муроҷиатҳо аз ҷониби мақомоти дахлдор баррасӣ ва ҳаллу фасл мегарданд.

Лозим ба ёдоварист, ки соли 2024 дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки муҳоҷирони меҳнатии дар Федератсияи Россия, хусусан дар муассисаҳои махсус барои нигоҳдории шаҳрвандони хориҷии мавриди депортатсия қарордодашаванда, ҷойгир буданд, ки дар ин муассисаҳо  вайрон шудани ҳуқуқу манфиатҳои онҳо мушоҳида гардид. Дар натиҷа, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамтои худ дар Федератсияи Россия муроҷиат намуд. Дар муроҷиат оид ба маълумоти дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашргардида, ки аз муносибати даѓал, лату кӯб ва таҳқири муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия шаҳодат медиҳад, ибрози нигаронӣ намуда буд. Муроҷиати мазкур аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Россия баррасӣ гардида, дар ҷавоби худ оид ба зери назорат гирифтани вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия иттилоъ дода шуд.

Ҳамчунин, моҳи феврали соли ҷорӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиат намуд, ки вай, шавҳар ва фарзанди бемораш дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бе пул ва бе ҷойи зист сарсону саргардон мондаанд ва хоҳиш кард, ки барои ба Тоҷикистон баргардонидани онҳо кумак расонида шавад. Вобаста ба ин масъала дарҳол Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ташаббус намуда, ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Қазоқистон муроҷиат кард ва хоҳиш намуд, ки барои ҳалли қазияи мазкур мусоидат намояд. Дар натиҷа, масъалаи мазкур ҳалли худро пайдо намуд.

Қобили зикр аст, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиат тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пешбинӣ нагардидааст, дар он танҳо мафҳумҳои «муроҷиати электронӣ» ва «муроҷиат тавассути воситаҳои ахбори омма» муқаррар шудааст. Чунончи, таҳти мафҳуми «муроҷиати электронӣ» муроҷиате фаҳмида мешавад, ки ба суроѓаи расмии почтаи электронии мақомоту ташкилоти дахлдор ворид гардидааст ё дар сомонаи расмии мақомоту ташкилоти дахлдор дар шабакаи Интернет ҷойгир карда шудааст. 

Зери мафҳуми «муроҷиат тавассути воситаҳои ахбори омма» бошад муроҷиати дар матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма вобаста ба фаъолияти мақомоту ташкилоти дахлдор нашр ё тавассути воситаи ахбори омма паҳнгардида, фаҳмида мешавад.

Албатта, дар шароити рақамикунонӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо назардошти арзиши олӣ эътироф шудани ҳуқуқи инсон такмил дода шавад. Аз ин лиҳоз, бо мақсади фароҳам овардани заминаи ҳуқуқии баррасии муроҷиати шаҳрвандон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод карда мешавад, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» иловаи дахлдор ворид гардида, ба ин васила дар Қонуни мазкур мафҳуми «муроҷиат тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ» муқаррар карда шавад.

Бояд хотирнишон сохт, ки чунин пешниҳод соли 2022 аз ҷониби як гурўҳ вакилони Думаи давлатӣ ва аъзои Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия манзур шуда буд. Онҳо лоиҳаи Қонуни дахлдор оид ба ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Қонуни Федералӣ «Дар бораи тартиби баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандони Федератсияи Россия» таҳия карда, дар он муқаррарот оид ба муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ тавассути саҳифаҳои расмии онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешбинӣ намуданд. Бо назардошти он ки мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъоланд, мақсади лоиҳаи Қонун осонтар кардани раванд ва наздиктар кардани мақомоти давлатӣ бо мардум арзёбӣ гардид. Ҳоло лоиҳаи Қонуни мазкур дар баррасӣ қарор дорад.

Муроҷиат тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҳарчи зудтар мусоидат намудан ба амалисозии ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии муроҷиаткунанда ё ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии шахсони дигар, дар умум, ҳимоя ва барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳо ё манфиати қонунии вайронгардидаи инсон муҳим арзёбӣ мешавад.

Зимнан, зарур аст, ки маърифатнокии рақамии аҳолӣ баланд бардошта шавад, то ки шаҳрвандон тавонанд дар фазои рақамӣ ва ҷомеаи озоду демократӣ ҳуқуқҳои худро ҳифз карда, ба ҳуқуқу озодиҳои дигарон эҳтиром гузоранд.

Эълон гардидани солҳои 2025 – 2030  ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» имкон фароҳам месозад, ки дар мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои дигар интернети баландсуръат таъмин ва сомонаҳои онҳо фаъол гардида, ба ин васила шаҳрвандон ба иттиллоот дастрасии бештар пайдо менамоянд.     

Ҳамин тавр, дар шароити рақамикунонӣ ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бояд ҳамвора дар меҳвари фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, судӣ, мақомоти дигари давлатӣ, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад.

 

Фирўз Сайнозимзода,

сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва

сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор