Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

March 2024
M T W T F S S
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ роҳнамоест, ки самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Ин аст, ки пас аз ироа гардидани ҳар як Паём ба Маҷлиси Олӣ дар мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба амал меоянд ва рушду такони ҷиддие, дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла дар таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои инсон ва шаҳрвандон эҳсос карда мешавад.

Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 26 январи соли ҷорӣ дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод гардид, боз як такони бузурге барои пешрафт, боло рафтани сатҳи зиндагии мардум, баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ва дар таъмини ҳуқуқу манфиатҳои инсон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши худро хоҳад гузошт.

Чун анъана Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хоса дошта, дар доираҳои сиёсӣ онро ҳамчун заминаи конститутсионӣ ва ҳуқуқии ташаккули стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморанд.

Умуман, аз матни паёми имсола бармеояд, ки мӯҳтавои асосии ҳар як самт ва соҳаҳоро ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳанд. Ё ин ки ҳар пешниҳоде, ҳар супоришу вазифаҳое, ки дар паём манзур мегардад, баҳри беҳбудии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Дар ҳама соҳаҳо, иҷтимоиёт, маориф, тандурустӣ, занон, ҷавонон ва дигар соҳаҳо таваҷҷӯҳи асосӣ ба инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои асосии он дода мешавад.

Дар оғози суханрониҳояшон Пешвои миллат дар паёми имсола оиди ду интихоботи дар соли 2020 барпогардида ёдовар гардида, аз ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандон, яъне ҳуқуқ ба интихобот қайд намуданд.

Дар ҳақиқат, бо иштироки васеи аҳолӣ ва сарҷамъонаву бо ҳамдилии саросарӣ баргузор гардидани маъракаҳои муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷонибдориву ҳамовозии сокинони ватандӯсту хештаншиноси кишвар аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат шаҳодат дод. Бо раъйи якдилонаи кулли мардуми шарифи Тоҷикистон интихоб гардидани Пешвои миллат бори дигар собит намуд, ки сиёсати оқилонаву созанда аз ҷониби мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамаҷониба дастгирӣ мегардад.

Дар Паёми имсола ба масоили ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон низ аҳамияти хосса зоҳир гардида, барои беҳтар кардани шароити иҷтимоии онҳо тадбиру дастурҳои зарурӣ пешниҳод карда шуд. Президенти мамлакат ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илм, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ супориш доданд, ки барои соҳибкасбу соҳибҳунар гардидани ҳар як ятими кулл, соҳиби ҷойи кор ва зиндагии мустақилона шудани онҳо тамоми тадбирҳои даркориро амалӣ созанд. Ин аст ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон.

Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа, масъалаҳои гендерӣ ва умуман ҳуқуқҳои занон диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ иброз доштанд, ки саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ, дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар торафт афзуда истодааст. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд.

Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад.

Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд, қайд намуданд Пешвои муаззами миллат дар паёми навбатӣ.

Ба ҳолати якуми январи соли 2021 аз шумораи умумии 19210 нафар хизматчиёни давлатӣ 4485 нафар ё 23,4 фоизро занон ташкил медиҳанд.

Ба ин васила, таъкид гардид, Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ хоҳад гардонид.

Президенти мамлакат дар Паёми имсолаи хеш ҷавононро имрӯзу ояндаи кишвар ва идомадиҳандаи меҳнату заҳмат ва анъанаҳои падарон номида, бори дигар онҳоро ба ҳушёрию зиракӣ водор сохтанд ва ишора карданд, ки аз равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ барканор бошанд. Ҷавонон бояд баҳри ободию оромӣ ва сарсабзии ҳамешагии кишвари азизамон саҳмгузор шаванд. Дар ҳақиқат, масъалаи ҷавонон имрӯзҳо масъалаи мубрами сатҳи ҷаҳонӣ низ гаштааст.

 Ин аст, ки хусусияти оммавии (умумиҷаҳонии) масъалаи баррасишаванда дар давраи то соли 2030 дар партави Ҳадафҳои Рушди Устувор пешбинӣ менамояд, ки манфиатҳои ҷавонон бояд ҳатман дар ҳамаи ҳадаф ва вазифаҳо ба назар гирифта шаванд. Ҳамзамон, масъалаи ҷавонон мушаххасан дар чаҳор соҳаҳои зерин, шуғли ҷавонон, духтарон – наврасон, таҳсилот ва варзиш ба хотири сулҳ хотиррасон карда шудааст.

Пешвои миллат масъалаи илму маориф ва тандурустиро дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор доштанро таъкид намуданд. Омода намудани мутахассисони варзида, муҳандисону олимони илмҳои дақиқ барои рушди мамлакат дар замони пешрафту навовариҳои муосир хело муҳим аст. Аз ин хотир Пешвои муаззами миллат ба илмомӯзии насли наврас диққати махсус медиҳанд.

Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо стипендияи онҳо аз 1–уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда мешавад.

Ин паём шаҳодат аз он аст, ки дастгирии олимони ҷавон дар сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат аз масъалаҳои меҳварӣ мебошад ва мавзӯи дастгирии ин қишр дар сатҳи Ҳукумат баррасӣ мегардад. Ин пешниҳод, ки ба хотири ҳавасмандии донишҷӯён ва олимону муҳаққиқони ҷавон нигаронда шудааст, дар беҳтар гардидани сатҳи иҷтимоии онҳо нақши созгор хоҳад гузошт. 

Дар паёми имсола пешвои миллат зикр намуданд, ки илму маориф дар сиёсати Ҳукумат дар сархати аввал боқӣ мемонад, зеро дар марҳалаи навин пешрафти ин соҳа дар таҳкими пояҳои давлатдории ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ дорад. Тибқи маълумот, соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шудаанд. Умуман аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта ба истифода супорида шудааст.

Перзиденти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ қайд карданд, ки “Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем”.

Пешвои муаззами миллат дар Паёмҳои худ ҳамеша баҳри амалӣ гардонидани ҳадафҳои созанда, пос доштани арзишҳои миллию фарҳангӣ, тарбияи насли наврас як нуқтаи муҳимро таъкид менамоянд, ки пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо масраф намудани маблағҳои гарон ба тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ талош меварзанд. Аз ҷумла, хоинони миллати тоҷик ва хоҷагони хориҷии онҳо низ барои ноорому гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, қишри ҷавонон, бор кардани фарҳангу мазҳаби бегона аз тамоми воситаҳои мубориза аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ васеъ истифода бурда истодаанд.

Нақши таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар зидди терроризм ва экстремизм аз он иборат мебошад, ки дар Тоҷикистон бо дастуру супоришҳои ӯ барои ҷустуҷӯйи роҳу усули самараноки мубориза баҳри пешгирӣ ва рафъи фаъолияти ҳизбу созмонҳои ифротгаро як қатор қонунҳо қабул ва амалӣ гардиданд. Масалан: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм” барои солҳои 2016–2020 қабул гардидааст. Ин ҳуҷҷатҳои муҳим ба санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ҷавобгӯй мебошанд.

Яке аз иқдомҳои созанда ва одилонаи Пешвои муаззами миллат баргардонидану афв намудани беш аз 500 нафар шаҳрвандоне, ки ба гурӯҳҳои ҷангҷӯёни террористию ифротгаро пайваста буданд, инчунин, 84 кӯдаку навраси тоҷикистоние, ки дар минтақаи кишварҳои ҷангзада бепарастор монда буданд ба ҳисоб меравад. Ин иқдом солҳо идома ёфт ва тамоми мардуми Тоҷикистон кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ доданд, то дар ин самт ба натиҷаҳои дилхоҳ расидем.

Албатта, ин ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат боз ҳам идома доранд. Ҳукумати мамлакат боз тасмим дорад, ки занону кӯдаконе, ки дар минтақаи ҷангзадаи давлатҳои Ироқу Сурия қарор доранд, ба ватан баргардонад. Ин албатта, аз сиёсати инсонпарваронаи Президенти муҳтарами мо дарак медиҳад.

Ҳамин тавр, аз назари мазмун ва муҳтаво паёми имсолаи Пешвои миллатро метавон ба як қатор бахшҳои муҳиму асосӣ тақсимбандӣ намуд, ки ҳар яке аз онҳо барои рушди устувору таъмини зиндагии сазовори мардум, аз ҷумла таҳти ҳимояи бевоситаи Ҳукумати Тоҷикистон қарор додани шахсони маъюбиятдошта, кудакону наврасон, ҳамчунин таҳлили равандҳои минтақавию байналмилалӣ ва тафсири ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир, натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва ислоҳоти низоми молиявии кишвар, масъалаҳо ва ба татбиқи дурнамои рушди устувори ҳама бахши мавҷудаи хоҷагии халқи кишвар аҳамияти муайянкунанда дорад ва ба вазъи минбаъдаи ҳуқуқи инсон чи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чи дар арсаи байналмилалӣ такони тозае мебахшанд.

 

БОБОЗОДА УМЕД

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор