Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахтномаи миллат
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд намуданд; «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад».
Ҳамасола санаи 6 ноябро, мардуми тоҷик, зи яке аз санаҳои тақдирсози миллат истиқбол мегиранд, зеро маҳз дар хамин рӯз бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, ки имсол мо 31 солагии онро ҷашн хоҳем гирифт. Ин сана барои мардуми мо, як санаи таърихӣ буда, сарнавишти имрӯзу фардои давлатамонро дар худ таҷассум менамояд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 - сентябри соли 1991 зарурат пеш омад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳу воситаҳои рушди ояндаи худро бо тариқи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии хоси давлатдории худ муайян созад.
Хушбахтона 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки он бахтномаи миллат ба ҳисоб меравад. Зеро дар ҳама давру замон оғоз аз пайдоиши инсоният дар рўи замин ва рушд ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ, давлату давлатдорӣ, зарурияти муайян сохтани сохтори идораи давлатӣ ва пойдории давлат санаде зарур мешуд, ки фарогири ҳама соҳаҳои муҳими ҷамъиятӣ бошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маҳз бо қабули ҳамин санади олии ҳуқуқӣ, ки он аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад роҳи ояндаи миллати худро муайян намуд.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки аз соли 1929 то инҷониб, 5-маротиба, яъне дар солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсияҳои гуногун қабул гардидааст. Конститутсияи навини даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсияҳои гузаштаи худ куллан фарқият дошта, яке аз Конститутсияҳои беҳтарин дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст. Бо гузашти солҳо ва инкишоф ёфтани муносибатҳои нави ҷамъияти зарурат ба вуҷуд омад, ки тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шавад. Ҳамин тариқ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ се маротиба (26-сентябри соли 1999-ум, 22-июни соли 2003-юм ва 22 майи соли 2016-ум) тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.
Дар моддаи 10 Конститутсияи Тоҷикистон чунин қайд гардидааст:
Конститутсияи Тоҷикистон, ки қонуни асосии кишвар ба ҳисоб меравад эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.
Давлат ва ҳамаи мақомотҳои он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амалӣ мекунанд.
Ҳамзамон бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда, яке аз бобҳои калонтарини Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боби дуюм маҳз ба ҳамин самт равона шудааст. Далели гуфтаҳои боло боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Боби мазкур бо номи ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд оғоз гардида, аз моддаи 14 то моддаи 47–ро дар бар мегирад, ки агар аз 100 моддаи мавҷуда 34 тои он ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона гардида бошад. Бешак гуфтан мумкин аст, ки қариб 40% моддаҳои он ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи инсон равона гардидаанд.
Дар қисми 3 моддаи 10 бошад муқаррар гардидааст, ки Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ дар он зоҳир мегардад, ки он дорои қувваи олии ҳуқуқӣ мебошад. Меъёрҳои конситутсия бевосита (мустақиман) амал мекунанд ва ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрвандро кафолат дода, заминаҳои муҳими ҳуқуқии фаъолияти мақомоти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии онҳо, дигар унсурҳои давлатдориро пешбинӣ ва ба танзим медароранд.
Тибқи моддаи 5 Конститутсияи мазкур инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Чуноне аз моддаи мазкур маълум аст, Инсон, ҳуқуқу озодиҳои ў арзиши олӣ дошта ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро дахлнопазир эълон намудааст.
Ин механизм хоси давлатҳои демократӣ буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 1 Конститутсия ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар баробари дигар давлатҳои демократӣ мақомоти махсус барои ҳимояи ҳуқуқҳои инсонро соҳиб аст.
Ёрдамчии Муовини
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон-
Ваколатдор оид ба кӯдак
Ҳ. Давлатов








