Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30

                                             «Шояд дар олам мисли Наврӯз кам ҷашне вуҷуд дошта бошад, ки русуми дилчасп ва суннатҳои зиндагисози онро миллату халқҳои дигари олам чун дастоварди беназири фарҳангӣ пазируфта, бо ҳамин номи зебои тоҷикӣ таҷлил намоянд.».

Э. РАҲМОН

Ҳар як иду маросим ва санаи таърихӣ дар рӯзгори инсоният ҷойгоҳи ба худ хос дошта, ҳамчун маҳсули ҷаҳонбинӣ, тафаккур ва эҷоди халқу миллати муайян муарифӣ мегардад. Дар тули таърихи ҳастии башар ҷашнҳое, ки аз сароғози ҳаёти инсонӣ манша гирифта, ҳамзамон бо рӯзгори он ва олами ҳастӣ иртиботи зичи ногусастанӣ дошта бошад, хеле камназиранд.

Иди Наврӯз аз шумули ҷашнҳоест, ки таърихи пайдоиши он беш аз шаш ҳазор солро дарбар гирифта, қабл аз пайдоиши хат роиҷ гардида аст. Бо ибораи мушаххас, таърихи пайдоиши иди Наврӯз ба давраи шуури мифологии эрониён, замони салтанати каёниён, яъне оғози тамаддуни инсоният рост меояд. Ин муҳтаво аз он шаҳодат медиҳад, ки оғози ҷашнгирии Навруз хеле кадимтар аз замони мавлуди Зардушт ва китоби муқаддаси "Авесто" комилан, бидуни пайвастагӣ ба дину мазҳаб ба ҳукми анъана даромада аст. Бо назардошти ин матлаб, андешаи ғолиб он аст, ки ҳамчун ҷашни хусусияти динӣ ё мазҳабидошта ҳисобидани иди Наврӯз аз ҷониби афроди муайан, нишонаи ноогоҳӣ аз гавҳар, ҳикмат ва моҳияти он аст.

Дар ҳамин иртибот, муаррихи Юнони қадим Страбон иди Наврӯзро аз шумули қадимтарин ҷашнҳои Замин ҳисобида, то замони зуҳури ойини оташпарастӣ (асри VII то мелод) маъмул будан ва дар замони Ҳахоманишинҳо (а.VI – IV қабл аз мелод.) мақоми иди асосии давлатӣ доштани онро хабар дода аст.

Мусаллам аст, ки дар дарозои таърих дар раванди зимомдории истилогаронаи юнониҳо, арабҳо, муғулҳо, туркҳо ва русҳо низ, ҷашни Наврӯз на танҳо устувор монд, балки сарфи назар аз ҳама фишоровариҳою мамнӯъгардониҳои муғризонаи фарҳангдуздони аҷнабӣ ҷойгоҳи худро аз даст надода дар байни халқияту миллатҳои гуногунзабону гуногунфарҳанги сарзамини паҳновар густариш ёфт. Маврид ба зикри хос аст, ки ҳатто истилогарони араб, ки бо баҳонаи паҳн намудани дини нав дар сарзаминҳои аҷам алайҳи ҳамагуна падидаҳои бузурги модию маънавии инсоният, бахусус ориёинажодон бархоста буданд, натавонистанд, иди Наврӯзро аз рӯзгори ва замири мардумони ҳавзаи таърихии Наврӯз баркананд ва ба нобудӣ баранд.

Чунин иқдомҳои муғризонаи бегонагон дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ низ ба мушоҳида мерасид. Соли 1926 ҷашни Наврӯз анъанаи хурофотпарастӣ ҳисобидашуда, таҷлили онро дар тамоми ҳудуди давлати мазкур мамнӯъ эълон гардида, аз феҳристи ҷашнҳо ихтисор шуд. Чунн фишоровариҳо ҳатто дар ҳамон айём натиҷаи дилхоҳ намедод ва Наврӯз дар кадом сатҳе, ки набошад таҷлил карда мешуд.

Иди Наврӯз баъди таназзули Иттиҳоди Шӯравӣ дар бисёре аз давлатҳои соҳибистиқлоли пасошуравӣ сифати нави гиромидоштанро касб намуд. Ба хусус, дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчун иди дорои мақоми давлатӣ эътироф гардид.

Дар айёми муосир иди Наврӯз дар Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Албания, Ҳиндустон. Македония, Босния ва Ҳерсоговина, минтақаҳои Курдистони Ироқ, ҷумҳуриҳои Тотористон ва Бошқирдистони Федератсияи Россия ва дар якқаттор кишварҳои дигар таҷлил мегардад.

Дар асоси маълумоти расмӣ ҳоло дар ҷаҳон 13 кишвар иди Наврӯзро ҳамчун ҷашни расмии миллӣ таҷлил менамоянд. Бо эътимод метавон тазакур дод, ки Наврӯз дар рӯзгори муосир вобаста бо моҳият ва ҳикмати худ аз ҳудуди давлатҳои гуногун гузашта, тадриҷан, мардумони то ҳанӯз аз ҷавҳари Наврӯз бархурдорнашударо фаро мегирад, ки хушбахтона, ин падида ботадриҷ дар ҳоли инкишофи назаррас мебошад.

Бо далели ин мушоҳидаҳои воқеӣ метавон қайд намуд, ки дар замони муосир Наврӯз боз ҳам густариш ёфта ба ҷаҳони тамаддунҳои нав ҳамчун ҷузъи тамадуни миллати тоҷик ворид мегардад.

Наврӯз дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳ ва мақоми хоси худро дубора соҳиб гардида, ҷашни умумимилӣ ва давлатӣ эътироф шуда, шаҳомати бештар касб менамояд. Дар кишвар дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» (аз 21.07.10, №611) рӯзҳои 21 - 24 март Рӯзи таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз муқаррар гардида аст.

Чуноне, ки болотар ишора намудем, иди Наврӯз борҳо ба муқобилиятҳои мазҳабию бегонаситезии аҷнабиён ва иқдомҳои зишту муғризонаи бадхоҳони тамаддуни тоҷикӣ дучор омада, сарнавишти ба мисли миллат пурфоҷиаю пурҳаводисро аз сар гузаронида, таззодҳои мушкили марҳилаҳои гуногуни таърихро рахна сохта аст ва то ин замон расида, боз мақоми азалии хешро дарёфта ҷашни байналмиллалӣ гардида аст.

Муассисаи илмиву фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид ЮНЕСКО маҳз, бо назардошти паҳноии фарогирии ҷуғрофӣ ва моҳияти инсондӯстонаю табиатпарварона доштанаш иди Наврӯзро, 30 сентябри соли 2009 ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии башарӣ ворид намуд. Дар ин росто, 23 феврали соли 2010 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 64- уми худ дар чорчӯбаи банди 49-и рӯзномаи иҷлосия «Фарҳанги ҷаҳон» аз тариқи ризоият таҳти унвони «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» қатънома қабул кард, ки зимни он 21 март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» эътироф гардид. Ин иқдом далели он аст, ки Наврӯз ҳамчун арзиши мукаддасу ниёгонии ориёитаборон ба хазинаи тамаддуни ҷахонӣ ҷойгоҳ пазируфта, бостонию соҳибтамаддун будани тоҷиконро ҳамчун мардуми ориёиасл бори дигар ба ҷаҳониён ҳувайдо сохт. Бо ҳамин хусусияти беназири худ падидаи Наврӯз мояи ифтихору ғурури миллӣ ва рукни худшиносию ҳуввияти милии тоҷикон маҳсуб мегардад.

Боифтихор метавон қайд намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун арҷгузорандаи асили падидаҳои муқаддаси милии тоҷикон, ташаббускори асосии мақоми байналмилалӣ гирифтани иди Наврӯз мебошад. Саъйу талошҳои пайгиронаю мақсадноки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи ба тасвиб расидани қарори таърихии Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид доир ба эътироф намудани 21 март, ҳамчун «Рӯзи байналмилалии Наврӯз», нақши асосӣ ва муассир доштани ӯро собит намудаанд.

Доир ба бузургии падидаи Наврӯз мулоҳиза намуда, ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ эътироф гардидани онро метавон, чунин ташреҳ дод:

Аввалан, Наврӯз ҷашнест дорои махсусият ва бузургию шаҳомат, ки решаҳои амиқи бостонитарини фарҳангию таърихӣ ва ҳуқуқию иҷтимоӣ дорад;

Дувум иди Наврӯз бо паҳноии фарогирии ҷуғрофӣ ва моҳияти инсондӯстонаю табиатпарваронаи худ беназир аст;

Сеюм, иди Наврӯз вобаста ба таҷлил гардиданаш заминаҳои воқеиву ҳаётии инсониро бозтоб менамояд ва моҳиятан, масъалаи меҳварии фалсафаи он мавзӯи гуфтугӯи тамаддунҳост.

Чорум, Наврӯз ҳамчун нишонаи тамаддуни ориёинажодон, аз ҷумла тоҷикон ҷузъи беназир ва пурмуҳтавои тамаддуни инсоният ба ҳисоб рафта, шоистаи эътирофи умумиинсонист.

Хулоса, Наврӯз барои мо тоҷикон падидаи беназиру бузурги маънавиест, ки дар дарозои таърих онро ҳифз намудаем ва дар замони муосир он дар радифи забони модариямон ҷузъи таркибию асосии ҳуввияти миллии моро ташкил дода, мояи ифтихору сарчашмаи худшиносиямон ба ҳисоб меравад.

 

Сангов Т.

Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ,

иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор