«Конститутсия дар назди ҷомеа вазифаҳои муҳимтаринеро гузошт, ки ташкили ҳокимияти давлатии муосир, низоми мукаммали ҳуқуқӣ ва идоракунии давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҷумлаи онҳо мебошанд.»
Эмомалӣ Раҳмон
Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад.
Яъне қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун бузургутарин зуҳуроти сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангию ҳуқуқӣ номидан мумкин аст. Тавассути ин ҳуҷҷат ҷомеаи ҷаҳонӣ давлати моро ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ, таъриху фарҳанг ва забони миллӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, муносибат ба инсон ва шаҳрванд ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои он, мавқеи халқ дар низоми ҳокимияти давлатӣ, муносибати давлат ба моликият, тартиби таъсиси мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ҳокимияти судӣ, мақомоти маҳаллӣ ва худидоракунӣ шиносоӣ пайдо намуд.
Ба ибораи дигар, Конститутсия шиносномаи давлат ва халқи Тоҷикистон гардид. Ин буд, к ибо шарофати ин санади бузург Тоҷикистон узви Созмони Миллали Муттаҳид гардида, аз ҷониби 192 давлати дунё ҳамчун давлати соҳибистиқлол эътироф гардида ва бо зиёда аз 183 мамлакати ҷаҳон равобити дипломатӣ ба роҳ мондааст. Бо зиёда аз 100 давлат муносибатҳои савдову тиҷоратӣ амалӣ намуда, дар 57 созмони минтақавию байналмилалӣ узвият дорад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва заминаи устувори қонунгузории кишвар ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аз тарафи халқи Тоҷикистон қабул гардидааст.
Дар ҳама давру замонҳо бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ орзуи ҷомеаи инсонӣ буда маҳз давлате ҳуқуқбунёд мебошад, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардида, фаъолияти ҳам давлат ва ҳам шахс ба Конститутсия ва қонунҳо тобеъ аст. Дар моддаи 5-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардида, муқаррар шудааст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф карда, масъулияти таъмини онро ба зиммаи давлат ва мақомоти давлатӣ вогузор менамояд.
Мутобиқи моддаи 14 Конститутсия ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Яъне, дар асоси меъёри конститутсионии мазкур таъмин, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маҳаки марказии санадҳои меъёри ҳуқуқиро ташкил намуда, механизмҳои ҳимояи он тавассути мақомоти судӣ муқаррар мегардад.
Меъёри зикршуда ба воситаи қонунҳо ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи давлат амалӣ мегардад, аз ҷумла, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ машъа мегирад.
Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуданд. Ин санад таҳияи боби алоҳида оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон аст ва бори аввал мафҳуми инсон дар чаҳорчӯбаи қонуни асосии давлат баррасӣ ва эътироф гардид. Мутобиқи Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд ва давлат ба ин кафолат медиҳад.
Дар ин ҷода нақши Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол бисёр муҳим ва ҳалкунанда мебошад. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва давлати иҷтимоӣ пойдевори устувор ва заминаи боэътимодро гузошт. Инсон ҳамчун бузургтарин арзиш ва дорои ҳуқуқу озодиҳои васеи конститусионӣ шинохта шуда мавҷудияти ин нуқта дар матни Қонуни асосии кишвар баёнгари ҷомеаи мутамаддини муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосии давлат кафили воқеии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба шумор рафта, барои мо заминаи мустаҳками сохтмони ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёдро фароҳам овардааст. Ҳифзи ҳуқуқи инсон на танҳо вазифаи давлат, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон низ мебошад.
Бо эътимод метавон изҳор намуд, ки 31 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ бо густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад.
Ёрдамчии Ваколатдор
оид ба ҳуқуқи инсон
дар Чумҳурии Тоҷикистон.
Салоҳиддинзода М.








