Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

16 ноябр- РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

РӮЗИ ИФТИХОРИ ТОҶИКОН

 

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» шурӯъ аз соли 2016 16-уми ноябр ҳамчун “Рӯзи Президент” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Ин тағйирот ба моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" дароварда шуда, дар он таъкид карда шудааст, ки 16 ноябр ҳамчун "Рӯзи Президент" эълон ва ҳамасола таҷлил карда шавад.

Тағйирот ба Қонуни мазкур бо дарназардошти саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст.

Муҳимияти ҷашн гирифтани Рӯзи Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯз, яъне 16-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилони мардумии ҳамондавра Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд ва бори нахуст дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд.

Рӯзи Президент яке аз ҷашнҳои муҳими давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Таҷлили ин рӯзи таърихӣ арҷгузорӣ ба хизматҳои беназиру таърихии Пешвои муаззами миллат мебошад, ки бо хиради азалӣ, ҷасорати нотакрор ва иродаи қавӣ тавонистанд миллати тоҷикро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшанд ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба давлати пешрафта, амну обод ва соҳибэҳтиром табдил диҳанд.

Гиромидошти Рӯзи Президент на танҳо ҷашни рамзист, балки дарси худшиносӣ ва ваҳдат, ҷашни эҳёи ифтихори миллӣ ва садоқат ба Ватан аст.

Ҷашн гирифтани ин санаи таърихӣ аз як тараф қадршиносӣ аз хизматҳои Пешвои миллат бошад, аз ҷониби дигар нишонаи сарҷамъии тамоми мардум дар атрофи сиёсати хирадмандонаю сулҳпарварона ва башардӯстонаи Роҳбари давлат мебошад.

Ҷашн гирифтани ин рӯз ифодагари ҳамбастагии миллӣ, ватандӯстӣ ва қадрдонии халқи тоҷик аз хизматҳои таърихиву тақдирсози Сарвари давлат мебошад, ки дар таҳкими давлатдории миллӣ, боло бурдани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳми беназир гузоштаанд.

Ин рӯз барои арҷгузорӣ ба мақоми олӣ ва шахсияти Сарвари давлат, инчунин барои эҳтиром ба нақши Президент дар пешбурди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ҷашн гирифта мешавад.

Бинобар ин, бузургдошти "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққиёти давлати мо ва ҳамчунин, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии онҳо фаъолият мекунад.

Ин аст, ки "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз мебошад.

Пешвои миллат шахсияти таърихии миллат мебошанд, ки дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуданд ва дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудаанд.

Бигзор кишвари азизи мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам ободу шукуфон гардад!

 

Роҳбари Намояндагии Ваколатдор

оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон

               Давлатов Х.

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор