Баргузории Ҳамоиши илмӣ-омузишӣ бахшида ба «Рӯзи ҳуқуқи инсон» дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав.
Аз ҷониби Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон санаи 8 декабри соли ҷорӣ ба муносибати таҷлили «Рӯзи ҳуқуқи инсон» дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ҷалби васеи устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи мазкур «Ҳамоиши илмӣ-омӯзишӣ» гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур намояндагон аз мақомотҳои судӣ, раёсатҳои адлия ва корҳои дохилии вилоят ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳ ширкат варзиданд.
Сараввал муовини Ректор оид ба масъалаҳои таълиму тарбия ба сухан баромада, чорабинии мазкурро оғоз намуд.
Пас аз он Роҳбари намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон оид ба ин рӯзи таърихию ҷаҳонӣ ва сабаби ҷашн гирифтани рӯзи 10 декабр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон, ки ин рӯзи таърихӣ сарчашма мегирад аз рӯзи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва нақши Эъломияи мазкур дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон маърӯза намуд.
Баъдан аз ҷониби намояндагони мақомотҳои судӣ, раёсатҳои адлия ва корҳои дохилии вилоят оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон маърӯзаҳо карда шуданд.
Дар хотима устоди Донишгоҳ ба сухан баромада ба Донишҷуён оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риояи он маърӯза намудf, ба чорабинии мазкур анҷом бахшид.









