Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

March 2024
M T W T F S S
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Садриддин Айнӣ 15-уми апрели соли 1878 дар қишлоқи Соктареи ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро, дар оилаи деҳқони камбағал таваллуд меёбад. Азбаски падари С. Айнӣ – Саидмуродхоҷа танҳо бо деҳқонӣ эҳтиёҷи оиларо қонеъ гардонида наметавонист, маҷбур буд, ки ба касбҳои бофандагӣ ва сангиосиёбтарошӣ низ машғул шавад.

Садриддин Айнӣ аз овони кӯдакӣ ба адабиёт завқу ҳаваси калон дошт. «Шеърҳоро дӯст медоштам, ҳарчанд маъниҳои онҳоро дуруст нафаҳмам ҳам, оҳанги онҳо ба ман гуворо менамуд ва ба ёд карда ханда гаштани баъзе шеърҳо кӯшиш мекардам», - ёдоварӣ мекунад ӯ. Маслиҳат ва шеърхониҳои падар дар Айнии ҷавон табъи шеъргӯиро бедор мекунанд. Садриддин Айнӣ бештар асарҳои Ҳофиз, Бедил, Навоӣ, Фузулӣ ва дигаронро мутолиа ва аз ёд мекунад.

Айёми нисбатан беғаму хурсандонаи кӯдакӣ дер давом накард. Тобистони соли 1889 Садриддини ёздаҳсола аввал аз падар ва баъди 40 рӯз аз модари меҳрубон ҷудо гардид. Онҳо гирифтори вабои умумӣ шуда буданд. Пас аз ин Садриддин Айнӣ тамоми ташвиши рӯзгор ва тарбияи додарон (Сироҷиддини сесола ва Киромиддини чорсола)-ро ба зиммаи худ мегирад. Бо вуҷуди ин ҳама нодорамиҳо, азобу шиканҷаи зиндагӣ орзую ҳаваси таҳсил ӯро ҳеҷ гоҳ тарк намекард.

Моҳи октябри соли 1890 Садриддин ба умеди хондану шахси бофазлу камол шудан роҳи Бухороро пеш мегирад. Барои ба ин мақсад ноил гаштан ӯро лозим омад, ки бисъёр монеаю нодорамиҳои зиндагӣ, азобу душвориҳои моддию маънавиро паси сар намояд, дар кӯчаҳои тангу тори Бухоро ба умеди пайдо кардани манзилгоҳ сарсонию саргардониҳо дида, хизмати шарикдарсони сарватманди кундзеҳн ва монанди инро ба ҷо орад. Бо вуҷуди ин истеъдоди фитрӣ, муҳаббати бепоён ба адабиёт, санъату маданияти халқи тоҷик, меҳнатдӯстӣ ба Айнӣ имкон дод, ки дар андак муддат дар байни толибилмон бо донишмандию завқи баланди шеършиносӣ обрӯю эътибор пайдо намояд. Ҳатто, шахсоне, ки Айнӣ хизмати онҳоро мекард, тадриҷан муносибати худро тағъир дода, ӯро иззату ҳурмат мекардагӣ шуданд.

Садриддин Айнӣ зуд-зуд бо тахаллусҳои мухталифи «Сифлӣ», «Мӯҳтоҷӣ», «Ҷунунӣ» шеърҳо менависад ва баъдтар, аз соли 1986 сар карда, яъне дар сини 18 солагӣ тахаллуси «Айнӣ»-ро қабул мекунад. Тахаллуси «Айнӣ» барои Садриддини ҷавон хеле маъқул шуд, чунки ин калима дорои 48 маъно буда «чашм», «манбаъ», «моҳият», «аломат» ва монанди инҳо аз ҷумлаи он маъноҳоянд.

Садриддин Айнӣ ҳанӯз дар ҷавониаш ҳамчун олим ва шоир машҳур мешавад. Онҳое ки пештар ба ин ҷавони қишлоқӣ бо таҳқир нигоҳ мекарданд, акнун аз тарси ашъори ҳаҷвии ӯ тарсида хушомад мегуфтанд ва кӯшиш мекарданд, ки ӯро ба хизмати амир ба дарбор ҷалб намоянд.

Садриддин Айнӣ дар соли 1909 барои мактабҳои усули нав китоби хониши «Таҳзиб-ус-сибъён»-ро тартиб дод. Дар он табиати зебою дилнишин, тарбияи завқи бадеӣ, масъалаҳои маориф, маърифатнокии мардум ва озодию баробарҳуқуқии занон ва монанди ин тасвиру тавсиф ёфта буд. Табиист, ки чунин тарзу усули таълим ва тарбияи кӯдакон ба саркардагони аморат ва ҳомиёни ҷиҳили дин маъқул набуд. Бинобар ин онҳо тарафдорони усули нави таълиму тарбияро таъқиб намуданд. С.Айнӣ маҷбур буд, ки бо ҳамфикрони худ бо номи «Тарбияи атфол» ҷамъияти махфӣ ташкил намуда, бо усули нав таълимдиҳиро давом диҳад.

Соли 1916 ҳангоми дар Қаршӣ будани Садриддин Айнӣ хабар расид, ки ӯро дар мадрасаи «Хиёбон» мударрис таъин кардаанд. Айнӣ барои аз ғазаби амир халос шудан ин вазифаро расман қабул кард. Дар асл тамоми корро ба ӯҳдаи калоншавандагони мадраса вогузошт.

Моҳи апрели соли 1917 ҷадидҳои Бухоро ба муносибати «фармони ислоҳот»-и амир зери шиори «Зинда бод амири ҳурриятпарвар» намоиши миннатдорӣ гузарониданӣ шуданд. Бо вуҷуди он ки Садриддин Айнӣ дар ибтидои фаъолияти иҷтимоию сиёсии худ ба ҳаракати ҷадидӣ хайрхоҳ буд, муқобили намоиш баромад ва пешвоёни онро аз ин роҳи хатарнок боздоштанӣ шуд. Вале ҷадидон ба гуфтаҳои Садриддин Айнӣ этибор надоданд ва намоиши «миннатдорӣ» бо фоҷиа анҷомид. 

Ҳарчанд Айнӣ дар намоиш иштирок накард, 9-уми апрел ӯро аз ҳуҷрааш дастгир карда, 75 чӯб зада, ба зиндон партофтанд. Бо қарори Шӯрои депутатҳои коргарони Когон сарбозони инқилобӣ ӯро аз зиндони амир озод карданд. Ба ин муносибат митинге барпо гардид, ки дертар Садриддин Айнӣ чунин ёдоварӣ мекунад: «Ман, ки бо хӯрдани 75 чӯби амир гиря кардан он тараф истад, «воҳ» нагуфта мардонавор истода будам, дар ин ҷо аз гиря худдорӣ карда натавонистам – ин гиряи шодӣ буд». Пас аз муолиҷаи дуру дароз дар беморхонаи Когон Садриддин Айнӣ 3-юми июни соли 1917 ба Самарқанд меравад ва он ҷоро иқоматгоҳи доимии худ қарор медиҳад.

Инқилоби Октябр (1917)-ро ӯ бо хушнудӣ пешвоз гирифта, аз рӯзҳои аввал ба хизмати он камар мебандад ва дар сохтмони ҳаёти нави сотсиалистӣ фаъолона иштирок менамояд.

Аз соли 1918 дар маҷмӯи маорифи халқ ва матбуоти инқилобии тоҷику ӯзбек кор мекунад. Сипас, дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон (аз соли 1926) вазифаи мушовир ва муҳаррири адабиро иҷро мекунад.

Шеърҳои дар солҳои 1918-1921 навиштаи Садриддин Айнӣ «Машри ҳуррият», «Ба шарафи Инқилоби Октябр», «Марши байналмилал», «Якуми май» ва ғайра дар маҷаллаи «Шӯълаи инқилоб» ва рӯзномаи «Меҳнаткашлар товуши» чоп шуда, дар нахустин маҷаллаи ӯ «Ахтари инқилоб» ворид гардидаанд. Соли 1920 якумин повести худ «Ҷаллодони Бухоро»-ро навишта, дар он бо далелҳои таърихӣ разолат ва фоҷиаҳои рӯзҳои вопасини аморати Бухороро фош мекунад. Пас аз ин ӯ повести дигар худ «Саргузашти як тоҷики камбағал» ё ки «Одина»-ро ба вуҷуд оварда, қисмҳои аввали онро солҳои 1924-1925 дар рӯзномаи «Овози тоҷик» чоп мекунад ва соли 1927 повест пурра бо унвони «Одина» дар шакли китоби алоҳида нашр мешавад. Ин повест ва романҳои «Дохунда» (1930) ва «Ғуломон» (1934) якҷоя асари сегона-трилогияи хоса мебошад, ки ҳаёти беш аз садсолаи халқамонро дар бар мегирад.

Солҳои 1935-1940 боз якчанд асарҳои насрӣ: повестҳои «Мактаби кӯҳна» (1936), «Марги судхӯр» ва «Ятим» (1939), очеркҳои «Колхози коммунизм» (1934), «Ҷашни таърихӣ» (1936) ва «Тирози ҷаҳон» (1939)-ро эҷод мекунад.

Ӯ соли 1943 аъзои фахрии Академияи фанҳои Ӯзбекистон интихоб мегардад ва баъдтар (1948) шӯрои илмии Университети Ленинград ба вай унвони доктори илми филологияро медиҳад. Сипас, академик ва аввалин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951) интихоб мешавад.

Дар солҳои 1949-1954 асари чорҷилдаи тарҷимаиҳолии ӯ «Ёддоштҳо» ба табъ мерасад, ки дар он муҳимтарин лаҳзаҳои таърихии ҳаёти халқи тоҷик аз охирҳои асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ инъикос ёфтааст. Барои ҷилди якум ва дуюми «Ёддоштҳо» ӯ соли 1950 Лауреати мукофоти давлатӣ мегардад.

Садриддин Айнӣ дар баробари фаъолияти адабӣ бисёр асарҳои илмӣ низ таълиф намудааст. Чунончӣ, доир ба таърих ду рисолаи калон «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» (1923) ва «Материалҳо оид ба таърихи инқилоби Бухоро» (1926) ва якчанд мақолаҳои ӯ доир ба масъалаҳои забоншиносии солҳои бистум барои демократикунонии забони адабии тоҷик ва инкишофи минъбадаи он нақши муҳим бозидаанд.

Хизмати С.Айнӣ дар соҳаи адабиётшиносӣ низ хеле бузург мебошад. Адабиётшиносии давраи шӯравии тоҷик таърихи худро бо нахустин асари таҳқиқотии ӯ «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) оғоз менамояд. Рисолаҳои илмии вай оиди ҳаёт ва эҷодиёти Рӯдакӣ, Сино, Саъдӣ, Навоӣ, Бедил, Восифӣ ва ғайра то кунун аҳамияти худро гум накардаанд.

Осори адабиву илмии С.Айнӣ дар «Куллиёт»-и понздаҳҷилдаи ӯ гирд оварда шудаанд.

С.Айнӣ як қисм асарҳояшро ба забонҳои ӯзбекӣ таълиф ва тарҷума намуда, дар рушди адабиёти шӯравии ӯзбек низ саҳми худро гузоштааст. Номи С.Айнӣ дар конфронси дуввуми нависандагони Осиёву Африқо (Қоҳира, феврали соли 1962) дар қатори бузургтарин адибони Шарқ-Робиндранат Такур, Таҳо Ҳусайн, Лу Синъ ёдоварӣ шудааст. Тарҷумаи романи Ф.Дюшен «Қамар» (1974) ба қалами ӯ тааллуқ дорад.

Аксарияти таълифоти С. Айнӣ, хусусан асарҳои калони насрияш ба забонҳои қариб ҳамаи халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва бисёр мамолики хориҷ тарҷума ва чандин маротиба нашр гардидаанд.

С.Айнӣ узви Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии халқии Бухоро (1923), узви Кумитаи Иҷрояи Марказии ҶШС Тоҷикистон (1929), депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1947) ва Шӯрои Олии ИҶШС (1950-1954) ва борҳо депутати Шӯроҳои шаҳрии шаҳрҳои Самарқанду Душанбе интихоб шудааст. Вай узви раёсати Иттифоқи нависандагони ИҶШС (1934), ходими Хизматнишондодаи илми Тоҷикистон (1940) буд.

Барои хизматҳои шоёни адабӣ ва ҷамъиятиаш ӯ бо се ордени Ленин (1941,1948,1949), ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (1953), ордени ҷумҳуриявии «Байрақи Сурхи Меҳнат» (1931) ва Ифтихорномаҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Дар шаҳри Душанбе осорхонаи адабии С.Айнӣ ва дар шаҳри Самарқанд (дар ҷои зисти аввалаш) осорхонаи ёдгории ӯ амал мекунад. Тибқи Қарори ЮНЕСКО (1978) ба муносибати ҷашни 100-солагии зодрӯзи С.Айнӣ дар ш. Душанбе ду ёдгорӣ гузошта шуданд, ки онҳо ҳамчун ифодагари марҳилаҳои рӯзгору эҷоди ин фарзанди барӯманди халқи тоҷик мебошанд. Яке аз ин ёдгориҳо «М. Горкий ва С. Айнӣ» ном гирифта, лаҳзаи сӯҳбати ду нафар бузургони адабиёти муосирро таҷассум менамояд. Ёдгории дигаре дар майдоне ба номи устод Садриддин Айнӣ, бо шукӯҳу шаҳмати зиёде, дар якҷоягӣ бо қаҳрамононаш қомат афрохтааст ва он натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар миқёси Осиёи Миёна ҳамчун асари беназири муҷассамасозӣ эътироф гардидааст.

Устод Садриддин Айнӣ 15 июли соли 1954 дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ҳоло Мақбараи Айнӣ дар як ҷои хушманзараи Душанбе зиёратгоҳи аҳли адаб аст. Соли гузашта шаҳрдории Душанбе ин боғро таъмир ва мақбараро навсозӣ намуд ва ҳоло як боғи нурониву пургули пойтахт ба шумор меравад. 

8-уми сентябри соли 1997 бо Фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба устод Садриддин Айнӣ унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор