Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2026
M T W T F S S
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

 

   Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм ва мусоидати Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе дар доираи амалисозии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №565 аз 30 декабри соли 2021 тасдиқ шудааст ҷиҳати мусоидат ба баланд бардоштани малакаи омӯзгорони фанни «Ҳуқуқи инсон» вобаста ба тарзу восита ва методикаи таълими ҳуқуқи инсон рӯзҳои 15-16 апрели соли 2026 барои 20 нафар омӯзгорони фанни «Ҳуқуқи инсон»-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Дарвоз семинари омӯзишӣ баргузор намуд.

    Барои иштирокчиёни семинари омӯзишӣ Қодирӣ С.А. – сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак - ҳамоҳангсози Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва Парпишоев Карам – муовини директори филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Хоруғ машғулият гузарониданд.

    Аз ҷумла, дар асоси Барномаи семинари омӯзишӣ оид ба масъалаҳои нақши механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, методикаи таълими фанни «Ҳуқуқи инсон», Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026, стратегияҳо ва дигар санадҳои барномавии соҳаи ҳуқуқи инсон: аҳамияти қабул амалисозии самаранок, омӯзиши иҷтимоӣ-эмотсионалӣ, тарҳи универсиалии омӯзиш, Тоҷикистон дар низоми механизмҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва амалисозии уҳдадориҳои байналмилалӣ дар ин самт, буллинг ҳамчун яке аз шаклҳои зӯроварӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ва шарҳи баъзе масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ нисбат ба хонандагон, аз ҷумла духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ машғулиятҳо гузаронида шуд.

    Дар ин доира вобаста ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амалисозии уҳдадориҳои байналмилалӣ, Ҳадафҳои Рушди Устувор ва стратегияи барномаҳои давлатӣ, навгониҳои қонунгузории миллӣ, фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа маълумот пешниҳод карда шуд.

    Иштирокчиён дар чорабинӣ фаъолона иштирок намуда, пайваста баргузор намудани чунин чорабиниҳоро муҳим арзёбӣ намуданд.

 

Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор