Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меросбари Куруши Кабир

    Агар ба таърих назар намоем, дар набарди зиндагӣ ва давлатдорӣ шахсони ҷасуру бонангу номус ба саҳнаи сиёсат нузул менамоянд, ки зимоми давлату давлатдориро ба дасти худ гирифта, сабаби рушду нумуи давлат ва некбахтии халқу миллатҳо мегарданд.

    Яке аз чунин шахсиятҳо Куруши Кабир-бунёдгузори Салтанати Ҳахоманишиён, яке аз бузургтарин подшоҳони таърихи ҷаҳон мебошад.

    Маврид ба зикр аст, ки дар фарҳанги тоҷикӣ ва форсӣ Куруши Кабир ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва адолат эҳтиром мегардад ва маъмултарин санади марбут ба ақидаҳои сиёсӣ ва инсонпарваронаи ӯ «Устувонаи Куруш» буда, соли 1879 дар Бобил пайдо шудааст ва бо забони аккадӣ (хатти мехӣ) навишта шудааст.

    Аксари олимони ҷаҳон «Устувонаи Куруш»-ро нахустин Эъломияи ҳуқуқи инсон медонанд ва ЮНЕСКО соли 1971 нусхаи онро нашр кард ва онро рамзи озодӣ ва ҳамзистии осоишта номид.

    Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар китоби безаволи худ “Чеҳраҳои Мондагор” таъкид мекунад, ки “Омӯхтани рӯйдодҳои таърихиву фарҳангӣ, зиндагиномаи шахсиятҳои сарсупурдаи миллат ва чеҳраҳои баргузидаи адабӣ имкон медиҳад, ки решаҳои худро аз гузашта дарёфт намоем, ба онҳо пайванд доштани хешро эҳсос карда, ба хотири номуси ватандорӣ ном ва корномаҳои онҳоро аз нав зинда гардонем ва ба фарзандони халқи далерамон бо ифтихор дар бораашон ҳарф занем”.

    Ҷиҳати муаррифии гузаштаи пурифтихори миллат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 28 декабри соли 2024 дар Паёми навбатии худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ироа намуданд, ки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад.

    Қайд гардид, ки моро зарур аст ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем.

    Дар ин замина дастур дода шуд, ки вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд.

    Дар натиҷа, 6 ноябри соли 2025 зимни иҷлоси 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО қатънома таҳти унвони “Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ” қабул гардид, ки ин боз як иқдоми беназири Сарвари давлат баҳри муаррифӣ ва ҷаҳонишавии таъриху фарҳанги миллати тоҷик мебошад.

    Таърих худ гувоҳ аст, ки баъди гузашти қарнҳо ё ҳазорсолаҳо боз дар арсаи сиёсат ва давлатдорӣ фарзандони фарзонаву ҷонфидои миллат арзи ҳастӣ намуда, бо пайравӣ аз гузаштагони баруманди таърихӣ ҳамаи ҳастии худро ба беҳбудии халқу ободии давлати худ мебахшанд.

    Яке аз чунин шахсиятҳои баргузида ва бузурги халқи азизамон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ному корнамоиҳои гузаштагонамонро эҳё намуда, бо пайравӣ аз онҳо миллати тоҷик ва ҷумҳурии азизамонро дар арсаи байналмилалӣ оламшумул намудааст.

    Матлаби мо дар ин мақола қиёси даврони ҳукумронии шоҳаншоҳи яке аз  империяҳои бузурги ҷаҳонӣ Куруши Кабир ва даврони давлатдории навини тоҷикон бо роҳбарии фарзанди баруманди миллат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

    Ҳангоми фатҳи Бобил Куруши Кабир ба халқи мазлум муроҷиат карда, қайд намуд,  ки: “Ман, Куруш, подшоҳи ҷаҳони паҳновар-подшоҳи Бобил, Шумер ва Аккад-бо хости Худованди бузург ба ин мақом расидам. Худое, ки мардумро ҳидоят мекунад ва бар адолат арҷ мегузорад, маро интихоб кард, то ба ин сарзамин сулҳ биёрам ва мардумро аз ситами ҳокими пешин раҳо созам”.

    Ба ҳамин монанд ва бо гузашти зиёда аз дуюним ҳазорсола ва соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меросбари Куруши Кабир дар лаҳзаҳои нахустини по бар арсаи сарварӣ ниҳодан, яъне дар иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми азияткашидаи Тоҷикистон қавл доданд, ки “МАН БА ШУМО СУЛҲ МЕОРАМ”

    Аз суханони Куруши Кабир овардаанд, ки: “вақте ба Бобил наздик шудам, мардум ба ман умед бастанд ва аз ситами подшоҳи қаблӣ озурда буданд. Бо иродаи осмониён, шаҳр бе ҷанг ба дасти ман даромад. Ман ба Бобил ворид шудам ва хурсандии сокинонро дидам. Ман ба онҳо амният бахшидам ва ҳеҷ кас иҷозат надошт ба онҳо озор расонад”.

    Ҷумҳурии Тоҷикистон низ солҳои 90-ум баъди ба даст овардани истиқлолият ба ҷанги шаҳрвандӣ ва парокандагӣ рӯба рӯ шуда, хавфи аз даст додани давлати азизамон пайдо шуда буд.

    Аз ин лиҳоз, халқи азиятдидаи Тоҷикистон низ бо як ҷаҳон орзуҳо ва умдедворӣ ба ояндаи нек ҷавони қавиирода ва ватандӯст Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд.

    Маҳз дуои неки халқи азизамон ва матонату заковату заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сабаб шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вартаи ҳалокат наҷот ёфта, ба биҳишти рӯйи замин мубадал гардад.

    Куруши Кабир зикр менамояд, ки пас аз ба даст гирифтани ҳукумат, ман фармон додам, ки ҳамаи мардуми шаҳр ба оромӣ зиндагӣ кунанд, моликияти касе ғасб нашавад, хонаҳо вайрон нашаванд ва ҳеҷ кас ҳамчун ғулом ба кор бурда нашавад ва онҳое, ки дар давраи подшоҳи қаблӣ аз хонаҳои худ ронда шуда буданд, имкони бозгашт пайдо карданд.

    Ин матлаб низ бо ташаббус ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки ҳуқуқи ҳар як инсон мебошад.

    Чуноне, ки дар моддаи 5-и Конститутсия омадааст:

    “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”.

    Дар ин замина, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) ҳамчун ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бори гарони давлатдориро ба уҳда дорад, ки дар моддаи 64 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра инъикос ёфтааст.

    Вобаста ба озодии дин Куруши Кабир ифшо менамояд, ки: “Маро Худои бузург водор кард, ки дину ойинҳои халқҳои гуногунро эҳтиром намоям ва мо ҳеҷ касро маҷбур ба пайравӣ аз дини дигар накардем”.

    Агар ин матлаби Куруши Кабирро бо даврони соҳибистиқлолӣ ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қиёс намоем, эҳсос мекунем, ки ҳуқуқу озодии одамон бо маротиб беҳтару хубтар шуда истодааст.

    Вобаста ба эътиқоди динӣ бошад маврид ба зикр аст, ки пайравӣ аз дин ҳуқуқи конститутсионии ҳар шахс буда, дар ин замина дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикитон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” қабул шудааст ва дар дебочаи қонуни мазкур омадааст:

    “Бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон, Қонуни мазкур қабул карда мешавад”. 

    Яъне, тибқи талаботи маддаи 26 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд.

    Бояд қайд намуд, ки замони ҳукмронии Куруши Кабир дар фарҳанги тоҷикӣ ва форсӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва адолат эҳтиром мегардад. Ӯ дар ибтидои сарвариаш амр медиҳад, ки ҳамаи қавмҳое, ки ба таври иҷборӣ ба Бобил оварда шуда буданд, озод гарданд, то ба ватанҳои худ баргарданд.

    Куруши Кабир таъкид менамояд, ки: “Ман ба онҳо имконият додам, то боз хона бино кунанд, замин коркард намоянд ва зиндагии нав оғоз намоянд”.

    Агар мо дар атрофи мавзуи авф ва бахшиши гуноҳон суҳбат намоем, мусалламан собит мешавад, ки Президенти маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дили софу рафтори накуаш дар замони худ назир надорад.

    Маҳз бо ташаббус ва ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 маротиба қонунҳо дар бораи авф қабул гардида, зиёда аз сад ҳазор шахсоне, ки кирдорҳои ҷиноятӣ содир намудаанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод шуданд.

    Инчунин, ҷиҳати қонунигардонии молу мулк, дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандон якчанд маротиба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуда, амали онҳо иловатан дароз карда шуданд.

    Амалҳои инсондӯстона ва ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он оварда расонидаанд, ки шахсони хатокор ва ба ҷиноят даст зада бо умеди нек ба оянда санаҳои таърихӣ ва ҷашнвораҳо авфи навбатии Сарвари давлатро мунтазир мешаванд.

    Дар хотима Куруши Кабир дуо намуданд, ки: “Ман аз Худованди меҳрубон мехоҳам, ки:

  • барои Бобил ва тамоми сарзамини таҳти ҳукумати ман амният ва фаровонӣ ато кунад;
  • ба салтанати ман ва ба фарзандони ман баракат бахшад;
  • гузаштаи сангин ва ситамҳои солҳои пеш хунсо (рафъ) шавад ва давраи навин бо сулҳу оромӣ оғоз гардад”.

    Сарвари маҳбуби мо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчум фарзанди фарзонаи миллат, меросбари ниёгонамон дар ҳар як мулоқоту дидорбинӣ ва ҳаёти шабонарӯзиаш пайваста барои давлату миллат дуои хайр менамояд.

         Ҳатто ҳангоми сафари корӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва адои ҳаҷҷи умра дар дохили хонаи Каъба, ки макони муқаддас буда, на ҳар шахсият имкони рафтану даромадан ба он муқаддасотро дорад, на барои худ, балки барои ободии давлат, ояндаи нек ва бахту саодати миллати тоҷик дуо намуданд.

 

 

Довудов М. Р.

муовини сардори шуъбаи

байналмилалӣ, ташкилӣ, таҳлилӣ

ва иттилоотии Дастгоҳи ВҲИ

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор