Истиқлолияти давлатӣ ин озодӣ, мустақилият ва нуфузи давлатдории навини халқи Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Истиқлолият ба ҳар як миллат имкон медиҳад, ки сарнавишти худро озодона муайян кунад, қонунҳои худро қабул кунад ва дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун як давлати комилҳуқуқ амал намояд. Он пояи асосии давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди иҷтимоии ҷомеа ба шумор меравад.
Ёдовар бояд шуд, ки Қабул гардидани Эъломия «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 9 сентябри соли 1991, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр эълон карда, дар сарнавишти Тоҷикистон марҳалаи тозаи таърихро оғоз бахшид.
Дар ин раванд 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид, ки он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конситутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд.
Бо ҳамин тартиб, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳар кишвар дорои артиши миллии худ аст, вале Артиши миллии Тоҷикистон замоне таъсис дода шуд, ки раванди тезутундшавии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати ноором қарор дошт.
Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсус гардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шуруъ намуда буд.
Дар навбати худ бошад, афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ (1992-1997) ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон, қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо мекарданд.
То соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се навъи асосӣ, Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат буда, ҳамзамон дар тобеияти Вазорати мудофиа қисму воҳидҳои низомии алоҳида аз ҷумла Литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ ва дигар идораҳои ҳарбӣ низ фаъолият мекарданд.
Дар ин муҳлат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароити моддию техникӣ ва бахусус вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбии Артиши миллии мамлакат чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида истодааст: аз ҷумла “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”, “Барномаи давлатии тарбияи ватандустӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027”ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳатмӣ ба хизмати ҳарбӣ” нақши муҳим мебозад.
Тибқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ин марҳила, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рисолати муқаддаси худ, ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осоиштаи мардуми Тоҷикистонро бо устувориву фидокорӣ иҷро карда истодааст. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар Артиши миллии Тоҷикистон ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва меҳнату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавони обутоб ёфтаро ба камол расонидааст. Имрӯз ҷавонони бонангу номуси тоҷик хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳаммияти ҳимояи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад.
Аз ин хотир, ҳар афсару сарбоз ва ҳар ҷавоне, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дохил шуда савганди ҳарбӣ ёд мекунад, ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки хизмати ҳарбӣ, аз ӯ, пеш аз ҳама, иродаи матин, донишу маърифати муосир ва эҳсоси садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб менамояд. Чун ки ҳифзу ҳимояи амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа ва ҳаёти осудаи сокинони мамлакат ба зиммаи хизматчиёни ҳарбӣ, яъне ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузошта шудааст ва онҳо вазифадоранд, ки ин неъмати бебаҳо сулҳу субот ва оромиву осоиши ҷомеаро ҳамчун сипарони боэътимоди ватан ҳимоя кунанд.
Баъд аз андешидани тадбирҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олии қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Артиши миллӣ марҳила ба марҳила устувору қавитар гардида, бо техникаву таҷҳизоти муосир таъмин шуд ва ба неруи пурқудрати дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфт. Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иродаву азми қавӣ ҳамаи мушкилиҳову маҳрумиятҳои дар пеши роҳбударо бартараф карда, давра ба давра шакл гирифт ва муҷаҳҳазу мусаллаҳ гардида истодааст. Ҳоло Артиши миллии Тоҷикистон ҳамчун неруи обутоб ёфта, ҷангдида, бошуҷоату ватандӯст ва яке аз муқаддасоти миллӣ–рукни муҳимми давлатдории миллӣ дониста мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-уми декабри соли 2025, таъкид намуданд, ки “Агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун пойдор набошад, мо ба ягон ҳадафи неки худ намерасем ва ягон нақшаи мо амалӣ намегардад” инро бояд хурду калони мамлакат дар хотир дошта бошанд.
Бинобар ин, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд вазифаи худро дар самти ҳимояи суботу оромии ҷомеа, амнияту осоишидавлат ва мардуми Тоҷикистонро бо садоқат ба давлатва халқи кишвар таъмин намоянд.
Мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқу силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ вазифаи ҷонии онҳо дар шароити ноорому буҳронии ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад.
Аз ин лиҳоз, воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву созмонҳои террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намояд.
Бояд гуфт, ки хурофот, ифротгароӣ ва радикализми динӣ яке аз хатарҳои ба ояндаи босуботи ҷавонон, таҳдидкунанда ба ҳисоб меравад.
Ҷавонон, ки ояндаи мамлакат мебошанд, бояд аз ақидаҳои хурофотӣ дур бошанд, донишҳои муосирро ҷиддӣ омӯхта, ҳар як рӯйдоди ҷомеаро аз нуқтаи назари илму мантиқ таҳлил кунанд ва дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд.
Аз ин рӯ, ҷавононро зарур аст, ки ҳамеша зираку ҳушёр бошанд, асолати давлатдории миллӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро ҳамчун пояи устувории давлати озоду соҳибихтиёрамон эҳтиёт ва ҳифз намоянд.
Дар ин замина, моро зарур аст, ки бо мақсади дар ботини ҳар як наврасу ҷавон тарбия кардани ҳисси инсондӯстиву накукорӣ, ба камол расонидани насли бо нангу номус ва соҳибмаърифату соҳибкасб, дар зеҳну шуури кӯдакону наврасон густариш додани ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ, инчунин ташаккули ҷаҳонбинии васеъ ва расидан ба қадри арзишҳои неки маънавию ахлоқии миллӣ, ҳамчунин тарбияи фарҳангиву маърифатии ҷавонону наврасон барои боз ҳам баланд гардидани эҳсоси инсондӯстиву худшиносии миллӣ ва арҷгузоштан ба тамадуну фарҳанги миллат, ҳамзамон, ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандии онҳо чорабиниҳои иттилоотиро тавассути мулоқоту вохӯриҳо бо ҷалби коршиносони соҳа дар байни ҷавонон пурзӯр намоем.
Ёдовар бояд шуд, ки ҳанӯз дар замонҳои қадим, хусусан, дар давраи ҳукмронии Куруши Кабир анъанае буд, ки ҷавонмардони ҳақиқӣ аз се имтиҳони ҳаёт гузашта, баъд ифтихори ҷавонмардиро соҳиб мешуданд.Имтиҳони якум-тандурустӣ ва паҳлавонӣ:
Имтиҳони дуюм-ақлу дониши расо ва имтиҳони сеюм-одобу фаросати ҳамида буд ва ин имтиҳонҳо дар шиори “рафтори нек, гуфтори нек, пиндори нек” таҷассум меёфт.
Имрӯз бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои муқаддасу пуршарафи дар назди онҳо гузошташударо вобаста ба ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеа, пойдории аркони давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардуми шарифи кишвар сарбаландона иҷро карда истодаанд.
Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ
Б.Нозимзода









