Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2026
M T W T F S S
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

 

  8 март - Рӯзи байналмилалии занон ва таърихи пайдоиши он

   Ҳамасола 8 март дар ҷаҳон “Рӯзи байналмилалии занон” ҳамчун рамзи миллӣ дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои занон таҷлил карда мешавад. Ин рӯз иди Бонувон набуда, балки ҷашни занони озодихоҳ ба ҳисоб мерафт.
         Дар шаҳри Ню-Йорк 8-уми марти соли 1857 коргарзанони фабрикаҳои пойафзол ва дӯзандагӣ гирдиҳамоӣ карданд. Онҳо даъвои кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ, беҳтар кардани шароити меҳнат ва маоши ба мардон баробарро талаб карданд. Ҳамон вақт занон то 16 соат дар як шабонарӯз кор мекарданд, вале барои корҳояшон музди ночизе мегирифтанд. Мардон баъди намоишҳои эътирозии рӯзи кории худро то 10 соат кам карда буданд. Дар бисёр корхонаҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иттифоқҳои касаба ба фаъолият шурӯъ намуданд. Пас аз 8-уми марти соли 1857 як иттифоқи касабаи нав таъсис дода шуд, ки бори аввал дар таърих занон аъзои он гардиданд. Дар ин рӯз дар аксари кӯчаҳои шаҳри Ню-Йорк садҳо занон ба намоишҳои эътирозӣ баромаданд ва даъвои соҳибшавӣ ба ҳуқуқи овоз доданро пайдо карданд.
         Таърихи ҷашнгирии Иди занон бо номи Клара Сеткин алоқаманд аст, ки гурӯҳи занони инқилобгарро баҳри мубориза бар зидди истисморгарон муттаҳид намуда буд. Ҳарчанд ки барои ин кор на як рӯз сарф шуда буд, вале аъзои гурӯҳ ба қароре омаданд, ки рӯзеро чун Зодрӯзи «Пролетариати занон» ҷашн гиранд. Соли 1910 дар шаҳри Копенгагени Дания дар конфронси дуюми занони сотсиалист бо пешниҳоди Клара Сеткин қарори ҷашнгирии рӯзи «Муборизаи занон барои ҳуқуқҳояшон» қабул карда шуд. Дар он гуфта мешуд, ки ҳар сол  рӯзи занон бояд ҷашн гирифта шавад, ва он «пеш аз ҳама барои ташвиқи ба занон додани ҳуқуқи овоздиҳӣ» бошад. Ҷашн гирифтани Иди Бонувон ҳамчун даъват ба муборизаи занон барои баробарҳуқуқӣ, барҳам додани қашшоқӣ, эҳтироми занон ва ҳуқуқ ба меҳнат баҳисоб мерафт. Санаи таҷлили рӯзи Байналхалқии занон мувофиқи пешниҳоди узви Кумитаи Марказии ҳизби сотсиал-демократӣ Елена Гринберг 19 март таъин гардид. Он  бори аввал ҳамчун рӯзи Байналхалқии занон соли 1911 дар Олмон, Австрия, Дания ва Швейтсария маҳз 19-уми март ҷашн гирифта шуд. Соли 1912 ин рӯз дар кишварҳои мазкур 12 март баргузор гардид. Соли 1913 дар ҷашн гирифтани ин рӯз ихтилофот ба вуҷуд омад: дар Олмон онро 12 март, дар Австрия, Чехия, Венгрия, Швейтсария, Ҳоланд - 9 март, дар Фаронса ва Россия - 2 март ҷашн гирифтанд. Танҳо соли 1914 дар тамоми ҷаҳон рӯзи Байналхалқии занонро дар ҳамаи кишварҳо 8-уми март, ки ба рӯзи ғайрикорӣ-якшанбе рост омад, ҷашн гирифта шуд.
       Дар Россия рӯзи Байналхалқии занон бори аввал соли 1913 дар Петербург ҷашн гирифта шуд. Аз солҳои аввали ҳокимияти Шӯравӣ 8-уми март иди давлатӣ гардид. Дар моҳи марти соли 1917 занон ҳуқуқи овоздиҳӣ пайдо карданд ва дар Конститутсияи соли 1918 баробарҳуқуқии занон дарљ гардида дар амал татбиқ шуд. Бо мурури замон рӯзи Байналхалқии занон аҳамияти сиёсии худро гум кард.     

          Созмони Миллали Муттаҳид соли 1975-ро Соли байналхалқии Занон эълон намуда, 8 мартро ҳамчун рӯзи “Байналхалқии Занон” эътирофнамуд.
          Баъд аз барҳам хурдани Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ 8 март ҳамчун иди Бонувон дар Тоҷикистон боқӣ монд. Ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, аз қабили Россия, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Молдова, Туркманистон ва Украина ҳамчун рӯзи Байналхалқии Занон, дар Ҷумҳурии Беларус ва Ӯзбекистон рӯзи Модар, дар Арманистон 7 апрел рӯзи Модар ва Зебоӣ ҷашн гирифта мешавад.
          Соли 2009 дар Тоҷикистон номи ин рӯз яъне “Иди Бонувон” ба “Иди Модарон” иваз карда шуд, ки ҳамасола рӯзи 8-уми март бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Имрӯз бонувони кишвар бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдом намуда, роҳи пуршараферо дар тақдири мақоми зан ва модар чун ҳадяи беҳтарини офаридгор дар қаламрави таърих тай намуда истодаанд. Албатта, ин роҳи босубот ва бобарор моро ба ҷониби олитарин ормонҳои миллӣ роҳнамо хоҳад буд. Дар ин радиф, ҷиҳати баланд бардоштани мақоми занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эътироф шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ қабул ва амалӣ шуда истодаанд.

          Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 07.03.2020 дар мулоқоташон бо занону бонувони кишвар қайд карданд ки: “Занону модарони мо ҳанӯз дар оғози даврони истиқлоли давлатӣ ба хотири ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ ва ба эътидол овардани вазъи кишвар азму талош карда, дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми арзишманд гузоштанд. Ҳамчунин, мехоҳам хотирнишон созам, ки мафҳумҳои муқаддаси “Модар” ва “Ватан” бо ҳам тавъам буда, фарзандони ватандӯстро маҳз модар ба дунё меорад ва муҳаббати Ватанро бо шири сафедаш дар вуҷуди фарзанди худ ҷой мекунад. Дар Тоҷикистони азизи мо хурду бузург заҳмату фидокориҳои модарону бонувонро қадр мекунанд. Зеро бонувони мо имрӯз бо нангу номуси ватандорӣ дар соҳаҳои гуногун баробари мардон фаъолият доранд. Саҳми бисёр арзишманди онҳо ва натиҷаи заҳмати софдилонаашон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мушоҳида мегардад. Ҳоло ҳазорҳо нафар занону бонувони қавиирода ва ҷасуру далери мо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хизмати Модар – Ватанро адо карда, дар ҳифзи марзу буми кишвар ва тартиботу оромии ҷомеа баробари мардон адои вазифа карда истодаанд”.

          Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии ҳуқуқҳои занон, дастрасии онҳо ба таҳсил, таъмини имкониятҳои иқтисодӣ ва ҷалби онҳо ба раванди қабули қарор тадбирҳои судманд амалӣ мешаванд.

          Рисолати аслии зани тоҷик дар сабурии ӯст. Зан-модари тоҷик заҳматкашу меҳнатқарин буду ҳаст ва мемонад. Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст. Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро, меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгирандаву дилсӯзу бахшанда ҳастанд. Новобаста ба синну сол навозиши дастону ва дуои модар барои фарзанд нотакрор боқӣ мемонад. Ҳақ ба ҷониби шоир, ки фармудаанд:

 

Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,

Ҳар чи дорад ин ҷамоъат аз дуои модар аст .

Он чи дар васфи биҳишт фармуд Қуръони карим,

Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст.

                                             

Сафаргули Шамсулло –

сармутахассиси шуъбаи 

ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои

иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва

фарҳангии Дастгоҳи ВҲИ

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор