МОДАР - МЕҲВАРИ МЕҲР
Модар - муқаддастарин вожа дар забони инсон, гаронбаҳотарин ганҷ дар зиндагӣ, рамзи муҳаббат, сабр ва нурест, ки торикиҳои ҳаётро равшан месозад. Ӯ чароғи хонадон, мураббии аввалин ва сутуни устувори ҷомеа мебошад. Дар домони поки модар инсоният парвариш меёбад ва дар сояи дуояш зиндагӣ баракат меёбад.
Ҳар як инсон қадами нахустини худро бо дасти модар мегузорад, ҳарфи аввалро бо лабханду навозиши ӯ меомӯзад ва маънии муҳаббатро аз қалби пурмеҳри ӯ дарк мекунад.
Рӯзи Модар на танҳо як санаи тақвимӣ, балки фурсати бозгашт ба асли ҳастист - ба оғӯши гарми муҳаббат, ба сарчашмаи меҳрубонӣ, ба шахсе, ки ҳастии мо аз ӯ оғоз меёбад.
Дар ҳадисе омадааст: “Биҳишт зери қадамҳои модарон аст”.
Чӣ таъбири зебову пурмаъно! Ин сухан нишон медиҳад, ки саодати инсон дар адои ҳуқуқи модар аст.
Мо бояд дарк намоем, ки меҳри модар мисли офтоб аст - бепоён, гарму равшан. Ӯ шабҳои зиёдеро бедорхобӣ мекашад, то фарзандаш ором бихобад. Ӯ дардро ба ҷон мехарад, то фарзандаш шод бошад.
Муҳаббати модар шарт надорад, мукофот намехоҳад, интизорӣ намекашад. Ӯ ҳатто дар ҳолате ки ранҷида бошад, боз ҳам дуои нек мекунад. Қалби модар макони бахшиш аст.
Модар нахустин омӯзгори инсон аст. Аз оғӯши ӯ ахлоқ, адаб, имон ва инсоният оғоз мегардад. Агар модар босаводу боахлоқ бошад, ҷомеа низ солим хоҳад буд.
Адибони бузурги форсу тоҷик низ дар васфи модар суханҳои ҷовидона гуфтаанд.
Саъдии Шерозӣ бо ҳикмату эҳсоси баланд мегӯяд:
Падар он туст, ки дониста ба фарзанд диҳад,
Модар он аст, ки ҷон бахшад аз оғӯш ба ту.
Фирдавсӣ, соҳиби «Шоҳнома», ба нақши модар дар тарбияи паҳлавонон ишора мекунад. “Қаҳрамонони ӯ аз домони модарони шуҷоъу покдоман парвариш ёфтаанд”.
Ҳофиз низ бо ишораҳои латиф аз меҳри модар ёд мекунад ва муҳаббати ӯро ба лутфи илоҳӣ монанд месозад.
Ҷомеае, ки дар он модар қадр мешавад, ҷомеаи солим ва пешрафта хоҳад буд. Зеро, тарбияи насли наврас дар дасти модар аст. Ӯ ахлоқ, фарҳанг, ватандӯстӣ ва инсонгароиро дар дили фарзанд ҷой медиҳад.
Модарон мураббиёни хомӯшу фидокор ҳастанд. Онҳо бо сабру таҳаммул, бо муҳаббат ва дуо фарзандро ба роҳи рост ҳидоят мекунанд.
Имрӯз, ки ҷаҳони муосир пур аз таҳдидҳои ахлоқист, нақши модар боз ҳам муҳимтар мегардад. Ӯ бояд бо иффат, бо илму маърифат бошад ва фарзандро аз хатарҳо ҳифз намояд.
Бузургон гуфтаанд: қадри модарро танҳо касе медонад, ки ӯро аз даст додааст. Чӣ бисёр инсонҳое, ки баъд аз рафтани модар бо ашки ҳасрат мегӯянд: «Эй кош, боз як бор оғӯшатро эҳсос мекардам».
Чи зебо васф кардаанд!
Модар бихон, садои туро бӯса мезанам,
Дастони босафои туро бӯса мезанам.
Модар агар дубора биёӣ ба сӯйи ман,
Як умр хоки пойи туро бӯса мезанам.
Қурбони он хамидагии шонаат шавам,
Ҳастии ман, асои туро бӯса мезанам.
Модар аз он касе, ки туро офаридааст,
Мамнунаму Худои туро бӯса мезанам.
Мо бояд дарк намоем, ки як сухани меҳрубонона, як навозиш, як кумак дар корҳои рӯзгор, як дуои самимӣ - ҳамаи ин метавонад қалби модарро шод гардонад. Модар ба сарвату туҳфаи гарон ниёз надорад. Ӯ муҳаббат мехоҳад, эҳтиром мехоҳад, таваҷҷуҳ мехоҳад.
Рӯзи Модар фурсати хубест, то бо суханони гарм ва амалҳои нек сипоси худро баён намоем. Аммо эҳтироми модар набояд танҳо ба як рӯз маҳдуд шавад. Ҳар рӯз бояд рӯзи модар бошад.
Бигзор ҳар саҳар бо дуои модар оғоз гардад ва ҳар шаб бо ризояти ӯ поён ёбад. Зеро ризояти Худо дар ризояти модар аст.
Маврид ба ёдоварист, ки мувофиқи маълумоти махзани бонуфузи Ethnologue барои соли 2026 дар дунё тақрибан 7170 забони зинда мавҷуд аст. Шумораи лаҳҷаҳо бошад, ба далели набудани меъёрҳои ягонаи фарқкунандаи забон аз лаҳҷа, дақиқ нест.
Ҷолиби диққат аст, ки дар ин замина калимаи «Модар» яке аз калимаҳои қадимтарин дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, тибқи пажӯҳишҳои забоншиносӣ, қариб дар 6000 забон ва лаҳҷаҳо (ё беш аз 80%-и забонҳои олам) ин калима садои «М»-ро дорад ва дар бисёр забонҳо бо ҳарфи «М» оғоз мешавад.
Фикр мекунам, ки калимаҳои меҳр, муҳаббат, меҳан низ бо ҳарфи “М” оғоз гардида ба сифоти модар рабт дорад.
Хулоса
Модар - ояти муҳаббати Худованд бар рӯйи замин аст. Ӯ мазҳари сабр, намунаи фидокорӣ ва чашмаи меҳрубонист. Қуръони Карим моро ба эҳтироми ӯ фаро мехонад, Паёмбар (с) биҳиштро зери қадамҳои модар қарор медиҳад, қонунгузори ба нигоҳубини ӯ моро уҳдадор менамояд ва шоирон бо ашъори ҷовидонаашон ӯро меситоянд.
Пас биёед қадри ин неъмати бузургро донем. Дасти модарро бибӯсем, қалбашро нашиканем, дуояшро ғанимат шуморем.
Довудов М. Р
муовини сардори ШБТИТ









