НУҚТАҲОИ МУҲИММИ ЭЪТИМОДБАХШ
ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«Ҳарчанд илми ҳуқуқшиносии мамолики Ғарб қонунҳои асосӣ ва қонунҳои ин кишварро ҳамчун манбаи наҳустини пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон мешуморад, вале миллати мо низ дар ҳаллу фасли ин масъала дар ҳошияи таърихи башар набудааст. Дар ин бобат ёдовар шудан аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки зиёда аз дувуним ҳазор сол қабл аз ин қабул гардида буд, кофист.».
Эмомалӣ Раҳмон
Яке аз падидаҳои муҳим дар давлатҳои муосир падидаи Паёми Роҳбари давлат ба Парлумон мебошад, ки онро конститутсияҳои аксари кишварҳои ҷаҳон муқаррар менамоянд.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 70 омадааст, ки Президент «…дар бораи вазъи кишвар ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон маълумот медиҳад…». Ҳамин тариқ анъанаи паёмгузорӣ мақоми меъёри ҳуқуқиро соҳиб гашт. Бо эътимод гуфта метавонем, ки Паёми Сарвари давлат абзори муҳими давлатдорист. Шояд на ҳама шаҳрвандон донанд, ки вазифагузорӣ ва нишондодҳои Паём барои ҳокимияти иҷроия ҳатмӣ буда, барои ҳокимияти қонунгузор эътибори тавсиявӣ доранд.
Паёми навбатӣ чун дигар паёмҳои Роҳбари давлат саршор аз ғурури миллӣ ва ифтихори ватандорӣ буда, ҳуҷҷати сабзи ормонҳои миллии мардуми тоҷик аст, ки яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000 - сола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд.
Паём, яъне сухани самимии Роҳбари давлат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Дар Паёми Роҳбари давлат ба низом, сохтор, функсия, хосиятҳои сифатӣ ва имконоти қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷомеа аҳаммияти аввалиндараҷа дода шудааст. Ин мафҳумҳо дар вобастагии кулл ба дараҷаи рушди тараққиёти саноат ва хоҷагии қишлоқ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба инкишофи минбаъдаи онон таваҷҷуҳи хоса дода мешавад.
Яке аз масъалаҳои меҳварӣ ва бунёдиро дар паёмҳои Роҳбари давлат самтҳои мухталифи сиёсати ҳуқуқии кишвар фарогир буда, заминаи онро таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба рушди низоми ҳуқуқӣ нигаронидашуда, такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷуда, бо мақсади таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, устувории низоми иқтисодиву иҷтимоӣ, фаъолияти соҳибкорӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва бо ин васила, таҳкими фаъолият бо мақсади рушди низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ин ҳуҷҷати муҳимми стратегӣ дар самти ислоҳоти низоми қонунгузорӣ оид ба қабули санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо ва қонунҳо, такмили фаъолияти мақомотҳои ҳуқуқэҷодкунанда, таҳкими фаъолияти мақомотҳои татбиқкунандаи ҳуқуқ, беҳтар намудани сифати қонунҳо ва воқеигардонии онҳо ба ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ ва бо ин васила, мутобиқ гардонидани онҳо ба стандартҳои милливу байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Дар баробари ин, сиёсати ҳуқуқии кишвар дар иртибот бо самтҳои асосии сиёсати давлат амалӣ гардида, заминаи ҳуқуқии сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва самтҳои дигари сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Нуктаи муҳимми эътимодбахш дар Паёми Роҳбари давлат ин пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад.
Дар Паёми Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангии миллат ва муаррифии боз ҳам бештари онҳо дар арсаи байналмилалӣ ба вазорату идораҳои мухталиф дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд, ки барои таҷлили ҷашни 2550 - солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ба масъулин дастур доданд, ки маводи заруриро омода намуда, ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд.
Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши II Кабир ҳанӯз дар давлатҳои дунёи қадим мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта буд. Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир маълум гардид, ки дар он беш аз 50 ғояи башардӯстӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ инъикос ёфтааст:
Дар Эъломияи Куруши Кабир бо номи «Лулаи Куруши Кабир» боиси таваҷҷуҳи сиёсатмадорон, муҳаққиқон, ҳуқуқшиносон ва ҷомеаи умумибашарӣ қарор гардида, он дар таҳияи «Эъломияи умумии ҳуқуқи башар», ки онро Иҷлосияи III Кулли СММ бо қатъномаи худ зери рамзи 2200 А аз 10 декабри соли 1948 қабул кардааст, мавриди истифода қарор гирифтааст, ки дар 30 моддаи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар 44 мавриди он ғояҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши II Кабир дар шаклу мазмуни дақиқи имрӯза омадааст.
Эъломия ҳуҷҷатест, ки дар он саъю талош ва муборизаи халқҳои ҷаҳон ва намояндагони алоҳидаи онҳо баҳри эътироф ва қабули озодию баробарӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон қабул шудааст. Санадҳои таърихӣ, ба мисли Хартияи бузурги озодихоҳӣ (соли 1215), Санад дар бораи ҳуқуқҳо (соли 1689 Инглистон), Эъломияи истиқлолият (соли 1776) ва Конститутсияи (соли 1787 - и ИМА), Эъломияи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд (соли 1789 Фаронса) низ ҳамчун сарчашмаи муҳими Эъломия мебошанд. Эъломияи Куруши Кабир дар замони зиндагии ӯ ба се забон «форсӣ», «эламӣ» ва «бобулӣ» ба рӯи устувонае, ки аз гили нухта нақш гардид ва лавҳае, ки ба забони бобулӣ аст, пас аз ҷанги якуми ҷаҳон аз ҷониби бостоншиносони англис дар маҳали шаҳри қадими Бобул кашф шуд ва ҳоло дар осорхонаи Британия маҳфуз аст.
Эъломия зиёда аз 360 забон нашр шуда, ба бештари забонҳои дунё тарҷума гардидааст, ки аз доштани хусусияти универсалӣ ва миқёси паҳншавии он шаҳодат медиҳад. Соли 1948 СММ тасмим гирифт, ки дар асоси Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ду санади дигари ҳуқуқи байналмилалӣ низ таҳия карда шавад: «Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ» ва «Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ».
Ин се санади ҳуқуқии СММ Билли дар бораи ҳуқуқҳоро таҷассум менамоянд. Ва ин санадҳо мақоми худ яку якбора соҳиб нашуданд, чунки онҳоро аввал бояд аз се ду ҳиссаи давлатҳои аъзои СММ маъқул (ратификатсия) медонистанд, баъди ин онҳо ба мақоми воқеии худ соҳиб мешуданд. Бинобар ин, боз қариб 10 соли дигар лозим шуд, то ки ба ин мақом соҳиб шаванд. Ҳамин тариқ, «Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фархангӣ» 3 январи соли 1976 ва «Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ» 23 марти соли 1976 ба мақоми ҳуқуқи байналмилалӣ соҳиб шуданд.
Иқдоми нахустини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ба узвияти Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) пазируфта шудани он мебошад. Нахуст 26 феврали соли 1992 баъд аз ба имзо расонидани Санади хотимавии Хелсинки Тоҷикистон ба узвияти САҲА қабул гардид ва 2 марти соли 1992 бошад дар иҷлосияи 46 - уми Ассамблеяи генралии СММ қатънома оид ба қабули Тоҷикистон ба узвияти СММ якдилона қабул карда шуд.
Шукрона бояд кард, ки бо ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат имрӯз давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ бо фарҳангу тамаддуни пурғановаташ эътироф намуда,ҳамчун миллати куҳанбунёд ва бофарҳангу соҳибтамаддун мешиносанд. Аз ин рӯ, таърих моро водор месозад, ки аз арзишҳои миллӣ ифтихор дошта бошем.
Салоҳиддинзода М.М. –
Муовини сардори ШҲДҲИХМҲС








