Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ки «ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст».
Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун заминаи муҳими ташаккули давлатдории мустақил барои Тоҷикистон марҳилаи таърихии навро боз намуд. Дар ин замина интихоби роҳи демократии рушд тақозо менамуд, ки дар ташаккули ҳокимияти сиёсӣ иродаи мардум ба инобат гирифта шавад. Бо ин мақсад бунёди низоми нави сиёсӣ ва дар заминаи он таъсиси ниҳоди интихобот ҳамчун механизми татбиқи муносибатҳои демократӣ амалӣ гардид.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 2 марти соли 2025 ва интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 марти соли 2025 таъйин гардидааст.
Интихобот ҳамчун воситаи ташаккул ва таъмини қонунмандии ҳокимият дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, муайян намудани масири рушд ва суботи сиёсӣ дар давлат нақши муҳим дорад. Маҳз тавассути интихобот қонунмандии ҳокимияти сиёсӣ эътироф гардида, давлат дар арсаи байналмилалӣ нуфуз ва нақши худро таҳким мебахшад. Интихобот василаи осоиштаи мубориза барои соҳиб шудан ба ҳокимияти сиёсӣ буда, бо истифода аз технологияҳои муайяни интихоботӣ доир мешавад.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ки «ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст». Муқаррароти конститутсионии мазкур барои баргузории раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун василаи баёни иродаи халқ замина гузоштааст.
Ҳуқуқи иштироки шаҳрвандон дар интихобот дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” “Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам гардидааст.
Шаҳрвандон аз синни 18 - солагӣ новобаста аз мансубияташон ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот, молу мулк ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан ва интихоб намуданро дорад. Шахсоне, ки синну солашон ба меъёр мувофиқ нест, шахсоне, ки суд онҳоро ғайри қобили амал донистааст ё бо ҳукми суд дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ нигоҳ дошта мешаванд, инчунин, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро надоранд.
Ҳуқуқи иштирок дар интихобот дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ низ мустаҳкам шудааст. Дар моддаи 21 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар муқаррар гардидааст, ки “ҳар як инсон ҳақ дорад, бевосита ё ба воситаи намояндагоне, ки озодона интихоб шудаанд, дар идораи корҳои кишвари худ ширкат намояд”. Дар моддаи 25 - и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсӣ муайян шудааст, ки ҳар як шаҳрванд бидуни табъиз ва маҳдудият ҳуқуқ дорад, ки дар интихоботи озоди даврӣ, ки дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ ва баробар бо овоздиҳии пинҳонӣ ва таъминкунандаи иродаи озоди интихобкунандагон доир карда мешаванд, иштирок намояд ва интихоб шавад.
Ҳуқуқи иштирок дар интихобот дар низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мавқеи хоса дошта, тавассути он соҳибихтиёрии халқ инъикос гардида, халқ дар бунёди мақомоти давлатӣ иштирок менамояд ва роҳи минбаъдаи ҷомеа ва давлатро муайян менамояд.
Шаҳрвандон имконият доранд, ки дар синну соли тибқи қонун муайяншуда ба сифати номзад ба мақоми вакили мардумӣ дар Парлумон ва ё дигар зинаи мақомоти намояндагӣ пешбарӣ ва интихоб гарданд. Дар асоси моддаи 28 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад ва забони давлатиро донад.
Ҳамин тариқ, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипҳои зарурии интихоботи ҳокимияти давлатӣ муқаррар карда шудааст. Тибқи ин меъёрҳои конститутсионӣ қонунҳои конститутсионии дахлдор қабул шудаанд, ки онҳо дар якҷоягӣ имконият медиҳанд, ки дар мамлакат интихоботи озод, демократӣ, шаффоф ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ баргузор гардад.
Дар раванди интихобот ҳуқуқҳои интихобкунандагон бевосита амалӣ мегарданд. Мазмун ва дарки «интихобот» ҳамчун категорияи сиёсӣ имкон медиҳад, ки маҳз тавассути вазифаҳои худ моҳияти сиёсию иҷтимоӣ ва мақому нақши он дар ҷомеа муайян карда шавад. Дар баробари ин, аҳамияти интихобот, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки он асоси демократияи намояндагӣ буда, ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки дар идоракунии ҳокимият иштирок намоянд. Интихобот идораи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократию озод ва шаффоф гузаронидани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад.
Ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон яке аз василаҳои муҳими таъмини боварӣ ба худи раванди интихобот ҳамчун механизми амалинамоии демократия, қонунмандии ҳокимият ва қудрати давлат маҳсуб шуда, давлати қудратманду пуриқтидор маҳз дар заминаи боварӣ ва дастгирии шаҳрвандон ташаккул меёбад. Интихобот хусусияти зарурии демократия буда, онро ҷомеа ва давлат мунтазам дар муҳлатҳои муқарраркардаи қонун истифода мебарад. Дар давлати ҳуқуқбунёд бо низоми ташаккулёфтаи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва низоми бисёрҳизбии самаранок интихобот ҳамчун воситаи татбиқи манфиатҳои аҳолӣ мақом пайдо мекунад.
Ҳамин тариқ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз сохтани ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ барои боз ҳам мустаҳкам намудани пояҳои устувори давлатдорӣ аз раванди интихоботӣ ба таври васеъ истфода мегрдад. Маҳз интихоби дурусти интихобкунандагон метавонад боиси рушди минбаъдаи ҷомеа ва сатҳи беҳтари зиндагии мардум гардад.
Ёрдамчии Ваколатдор оид ба
ҳуќуќи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Салоҳиддинзода М.








