Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

НАВРЎЗИ ОЛАМАФРЎЗ

Ҷашни Наврўз барои миллати куҳанбунёду тамаддунофари мо дар ҳамаи давру замон муқаддас буд ва он таърихи хеле куҳан дорад. Тавре  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба ифтихори Наврўз 20 марти соли 2024 қайд намуданд: «Мо ифтихор мекунем, ки ҷашни Наврӯз маҳсули тафаккур ва андешаи мардуми ориёинажод буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Тайи ҳазорсолаҳо дар ҳаёти қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла мо – тоҷикон ҳодисаву таҳаввулоти зиёде ба вуқуъ пайвастаанд, ки боиси эҷоди маҳдудиятҳо барои баргузории ойину суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мо, ба шумули Наврӯз гардидаанд. Вале Наврӯз мисли забон ва фарҳанги миллӣ дар тору пуди ҳастии ниёгони мо он қадар мустаҳкам ҷой гирифта буд ва мақому ҷойгоҳи он дар миёни мардуми мо чунон баланд буд, ки ҳеҷ як монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад» .

Аз аҳди бостон ва аз умқи таърих то замони мо ҷашнҳои Наврўз, Меҳргон, Сада ва Тиргон мерос мондаанд. Меҳргон ба фасли тирамоҳ, Сада ба оғози фасли зимистон, Тиргон ба ибтидои тобистон ва Наврўз ба фасли баҳор рост меояд. Ҷашнҳои зикргардида хоси тоҷикон буда, ҳар кадоме шукўҳу шаҳомати худро дорост.

Аммо ҷашни  Наврўз шуҳрати хоссеро дорост, ки ба муаррифӣ ва шарҳу тавзеҳ ниёз надорад. Наврўз ҷашни миллӣ мебошад. Ҳамин кифоя аст, ки онро ҳама бишносанд, бифаҳманд ва арҷгузорӣ намоянд. Наврўзро ҳамагон ҳамасола бесаброна интизорӣ мекашанд: чи инсон, чи табиат, чи парандаю чаранда ва замину осмон.

Ҷашни Наврўз бо номи Ҷамшед  алоқамандии зич дорад. Дар ҳама гуна асарҳои илмию таърихӣ ва адабию асотирӣ омадааст, ки бунёдгузори ин ҷашни фархунда маҳз шоҳ Ҷамшед мебошад.

Ҳаким Умари Хайём дар «Наврўзнома» ба ин маънӣ чунин ишора кардааст:

чун Ҷамшед он рўз дарёфт, Наврўз ном ниҳод ва ҷашни оин овард ва пас аз он подшоҳони дигар мардумон бад-ў иқтидо карданд».

Ҳамин тариқ,  Наврўз доман паҳн менамояд ва ба ҷашни миллии мо тоҷикон табдил меёбад. Ҳоло Наврўзро  Эрон, Афғонистон, Покистон, қисми Ҳиндустону Чин, кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври шукуҳмандона таҷлил менамоянд ва онро азизу гиромӣ медонанд.

 Дигарон Наврўзро бо лаҳни худ талаффуз намоянд ҳам, боз ҳамон Наврўз, яъне рўзи нав аст ва ҷашни миллии мост ва ҳамаи моро муваззаф менамояд, ки ҳамасола Наврўзро шукуҳу шаҳомоти тоза бахшем, нисбат ба дигарон авлотару пурнуфузтар истиқбол намоем. Саъй намоем, ки Наврўз суннатҳои миллиашро эҳё карда, ба ҷашни ягонагӣ ва ваҳдати мардуми мо табдил ёбад.

Фалсафаи Наврўз дар он аст, ки  табиат, тамоми ҳаёт ва ҳар чизе ки ба хок меафтад, месабзад, мерўяд, шукуфон мегардад, ҳосил, тухм медиҳад ва он тухм (дон) боз ба замин афтида, мерўяд. Ин фалсафа ба одамӣ ҳам мутааллиқ аст: худашу фарзандаш, набераву абера ва чаверааш ҳама мерўянд ва бо ҳамин тухми одамӣ дар рўйи замин меафзояд.

Бинобар андешаи донишманди маъруфи Эрон доктор Шариатӣ  «...Наврўз достони зебоест, ки дар он табиат, инсон ва ҷомеа ҳар се дастандаркоранд. Ва дар он дастандаркориҳо дасти инсон болост ва аз он дастони зебо ҳам меомўзаду ҳам меомўзонад, ҳам тарбия мегираду ҳам тарбия медиҳад. Зеро Наврўз худ мактабест бузург, таҷрибаест бебаҳо. Пас инсон ва фарзанди он аз ин мактаби бузурги ҳаёт, аз ин таҷрибаи зиндагӣ чӣ меомўзад? Одаму одамгариро, ифтихори миллиро, муомилаю муносибатро, некиву накўкориро, меҳнату меҳнатдўстиро, хештаншиносию ватандориро, мушоҳидаю табиатдўстиро, ҷасурию далериро, зебоию зебоипарастиро...»

Вижагии хоссе дорад Наврўз! Агар ҷашнҳои дигар «ғолибан инсонҳоро... дар миёни утоқҳо ва хонаҳо пушти дарҳои баста ҷамъ кунанд: лекин Наврўз дасти мардумро мегирад ва аз дарҳои баста ва фазоҳои хафа, ба домони озоду бекаронаи табиат мебарад.

Бузургӣ ва ҳашамати ҷашни Наврўз ҳам дар ҳамин аст, ки он дармуҳити табиат, дар ҳавои кушод, лаби ҷўй, рўйи сабзаву себарга, зери чатри гардун доир мешавад. Субҳи барвақт одамон ба гўшаи деҳа (шаҳр, ноҳия) ба майдон раҳсипор мешаванд, дег мемонанд ва ғизo мепазанд. Мардум гирди дастархони наврўзӣ ҷамъ мешаванд. Пас аз  хурдани хўрокҳои лазиз, давра меороянд,  ба гуштин ва бозиҳои дигар машғул мешаванд. Паҳлавонон, ки аз дуру наздик омадаанд, ба майдон мебароянд. Гўштин низ мисли Наврўз умри ҳазорсолаҳо дорад. Зимнан, дар гузашта, дар рўзҳои ҷашнҳо, аз ҷумла ҷашни Наврўз мардуми  мо дасти якдигар гирифта ба табрику таҳнияти якдигар мерафтанд. Мо низ дар ин рўзи хуҷаста  халқи дорои суннатҳои фархундаи миллиамонро аз сидқи дил таҳният намуда, аз забони мардум гуфтанием:

Наврўзатон пирўз бод,

Ҳар рўзатон Наврўз бод.

 

Муовини сардори шуъба,

Низомов А.Б.

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор