Саломатӣ омили беҳдошт ва рушди ҷомеа
Саломатӣ – солимии табиӣ, маънавӣ ва иҷтимоии инсон мебошад, ки ба ў фаъолона дар шароитҳои гуногуни муҳит кор карданро имкон медиҳад.
Ҳар як ҳуқуқҳое, ки имрўз ба инсон кафолат дода мешавад, дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дарҷ гардидааст. Яке аз он ҳуқуқҳое, ки имрўз давлат ба он кафолат додааст, ин ҳуқуқ ба саломатӣ мебошад.
Ҳуқуқ ба саломатӣ дар моддаи 38 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, ки «Ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд. Давлат барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва сайёҳӣ тадбирҳо меандешад. Шаклҳои дигари ёрии тиббиро қонун муайян мекунад.»
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад, яъне ҳар як шаҳрванд, новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, эътиқоди динӣ ё мақоми иҷтимоӣ, ҳуқуқ дорад аз хизматрасонии тиббӣ ва чораҳои давлати барои ҳифзи саломатӣ баҳраманд шавад.
Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд. Ин чорабиниҳои санитарӣ, табобати фаврӣ ва ғайраро муайян мекунад. Қобили қайд аст, ки ин хизматрасонӣ дар доираи қонун муайян карда шудааст, яъне на ҳама гуна хизматрасонӣ ройгон мебошад, балки танҳо онҳое, ки қонун муайян кардааст.
Давлат барои солимгардонии ҷомеа, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва рўҳӣ тадбирҳо андешида на танҳо бо роҳи табобати маҳдуд балки ба пешгирии бемориҳо барои зиндагии солим низ мусоидат менамояд. Ин тадбирҳо як қисми сиёсати иҷтимоии давлат барои баланд бардоштани сифати зиндагии мардум мебошанд.
Шаклҳои ёрии тиббиро қонун муайян мекунад, ки ғайр аз ёрии тиббии ройгон, дигар намудҳои ёрӣ масалан, суғуртаи тиббӣ ёрии хусусӣ, хизматрасонии пулакӣ ва ғайра низ мавҷуданд, ки бо қонун танзим мешаванд.
Дар банди 1 моддаи 170 - и Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, саломатӣ ба номгуи арзишҳои шахсии ғайримоддӣ дохил карда шудааст. Қонунгузории амалкунанда мафҳуми мушаххаси саломатиро кушода надодааст, бинобар ин дар адабиётҳои ҳуқуқшиносӣ дар бораи мафҳуми саломатӣ ақидаҳои гуногун мавҷуданд.
Дар Оинномаи Ташкилоти умумиҷаҳонии нигаҳдории тандурустӣ мафҳуми саломатӣ ҳамчун «некӯаҳволии пурраи (комили) иҷтимоӣ, ҷисмонӣ ва руҳии одам» зикр гардидааст. Ду навъи саломатӣ - алоҳидаи шахсӣ (инфиродӣ) ва саломатии аҳолиро бояд фарқ кард.
Саломатии инсонро танҳо дар муқоиса бо беморӣ эътироф кардан нашояд. Вай таркиб ё ҳамоҳангии сифатҳои биологӣ ва иҷтимоӣ аст. Беҳуда нест, ки ҳануз дар замонҳои қадим ба омилҳои муайянкунандаи саломатӣ шароитҳои мусоиди зиндагӣ, нақшаи гигиенӣ, ғизои пурмаҳсулро шомил медонистанд.
Ёдовар мешавем, ки Суқроти бузург гуфта буд, ки саломатии инсон аз фаъолият, одатҳо ва шароити зиндагии одам вобаста аст. Айни ҳол мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» воситаҳои асосии таъминсозии саломатиро чунин муайян менамояд гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунандаи бемориҳо дар ҷои истиқомати аҳолӣ; мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ; таъмин кардани шароитҳои мусоиди зиндагӣ; бароҳ мондани хизматрасониҳои тиббӣ ва санитарӣ; дастрасии баробарии халқ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва санитарӣ; масъулиятшиносии кормандони тиб барои сари вақт расонидани ёрии босифати тиббӣ; табобат ва барқарорсозии саломатии одамон мебошад.
Ба ин тариқ, ҳуқуқ ба саломатӣ яке аз ҳуқуқҳои муҳимтарини иҷтимоӣ дар ҷаҳони имруза ба шумор меравад. Ба мундариҷаи ин ҳуқуқҳо омилҳои зерин дохил мешаванд:
-ҳуқуқ ба гирифтани ёрии касбии тиббӣ. Мутобиқи моддаи 22-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ” шаҳрвандон ҳангоми гум кардани қобилияти корӣ ва ҳолатҳои дигар ба ёрии иҷтимоии тиббӣ (табобатӣ, ташхисӣ, пешгирикунанда) ҳақ доранд. Чунин ёрии пешгирикунанда бояд дар муассисаҳои давлатии нигаҳдории тандурустӣ ройгон расонида шавад. Мувофиқи нишондоди ин қонун шаҳрвандон бо ёрии таъҷилии тиббӣ дар муассисаҳои наздиктарини тиббию пешгирикунанда, сарфи назар аз тобеияти ҳудудию идоравии онҳо, бояд таъмин карда шаванд; -ҳуқуқ ба таъминоти саривақти бо доруворӣ тавассути бастани қарордодҳои ҳуқуқии шаҳрвандӣ; -ҳуқуқ ба протезикунонии (ориятии) пулакӣ дар асоси қарордод; -ҳуқуқ ба табобати косметологӣ дар асоси қарордод; -ҳуқуқ ба донорӣ ва трансплантатсия; -ҳуқуқи иштирок дар озмоиши тиббӣ, бояд дар назар дошт, ки мутобиқи моддаи 18-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди озмоиши маҷбурии тиббӣ қарор додани инсон манъ аст; -ҳуқуқи шаҳрванд ба беҳдошти экологӣ, санитарӣ-эпидемиологӣ ва радиатсионӣ; -ҳуқуқи шаҳрванд ба дастрасӣ ба маълумот дар бораи саломатии худ ва омилҳои ба саломатии ў таъсиррасонанда; -ҳуқуқи таллофи карда шудани зарари ба инсон расонидашуда ҳангоми ташхис, озмоиш ё худтабобат ҳақ доранд; -ҳуқуқи инсон ба муносибати инсондӯстонаи кормандони тиб, интихоби духтур ва муассисаи табобатию ташхискунанда, бо хоҳиши ӯ гузаронидани консилиум (машварати гурўҳи табибон) ва машваратҳо, ҳуқуқи даъват кардани адвокат барои ҳифзи ҳуқуқҳои вайроншуда мебошад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, қайд намуданд, ки «Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурусӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст». Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Аз ҷумла ба роҳ мондани муассисаҳои тандурустӣ, беморхонаҳо, дардмонгоҳҳо, марказҳои тиббии махсус, марказҳои саломатӣ ва осоишгоҳҳо сохта ба истифода дода истодааст.
Дар сархати 1 моддаи 25-и Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон дарҷ гардидааст, ки “Ҳар инсон ба чунин сатҳи зиндагӣ, аз ҷумла ба хўрок, пўшок, манзил, нигоҳубини тиббӣ ва таъминоти зарурии иҷтимоие, ки барои сиҳатию некуаҳволии худи ў ва оилааш зарур аст, ба таъминот дар ҳолатҳои бекорӣ, беморӣ, маъюби, бесаробон мондан, пиронсолӣ ё дигар ҳолатҳои маҳрумшавӣ аз воситаҳои зиндагӣ, ки бо сабаҳои новобаста аз ў ба вуҷуд меоянд, ҳуқуқ дорад”.
Ба вазъи саломатии аҳолӣ омилҳои вобаста ба вайронкунии ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар ин самт (хизматрасонии бесифати тиббӣ, фурўши маводҳои дорувории қалбакӣ ва мўҳлати истифодабариашон гузашта, маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббии бе сертификати мутобиқат, маводҳои дорувории бақайдгирифтанашуда, риоя нашудани талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ ва ғайра) таъсири манфи мерасонад.
Аз ин рў вазъи саломатӣ ва сифати хизматрасониҳои тиббии аҳолӣ аз фаъолияти кормандони тиб вобаста аст, ва ба соҳаи тандурустӣ зарур аст, ки ба ин масъала аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд. Саломатии аҳолӣ яке аз арзишҳои асосӣ, омили муҳими таъмин намудани бехатарии миллии ҳар як кишвар ва рушди ҷомеа арзёбӣ мегардад.
Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ин ҳифзи ҳуқуқ ба саломатӣ мебошад. Вобаста ба амалисозии ҳуқуқи шаҳрвандон дар ин самт як қатор корҳоро ба анҷом мерасонад. Ба мақомоти мазкур шаҳрвандан дар масъалаҳои гуногуни ҳуқуқ ба саломатӣ муроҷиат менамоянд ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон кўшиш ба харҷ медиҳад, ки муроҷиатҳо ҳалли мусбии худро ёбанд.
Дар самти ҳуқуқ ба саломатӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро ба роҳ мондааст.
Ҷиҳати амалишавии ҳуқуқи шаҳрвандон ба саломатӣ кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тибқи қонунгузорӣ ва барномаи амали мақомот дар беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, клиникаҳо ва дигар муассисаҳои тиббӣ санҷишу мониторингҳо мегузаронанд ва аз натиҷаи он дар ҳолати ошкор гардидани камбудиҳо барои бартараф кардан ба мақомоти дахлдор тавсияҳо пешниҳод менамояд ва ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба саломатӣ кўшиш ба харҷ медиҳад.
Сафаргули Шамсулло –
сармутахассиси Шуъбаи
ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои
иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва
фарҳангии Дастгоҳи
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон








