Аз таърихи пули миллии Тоҷикистон
«Пули миллӣ яке аз рукнҳои
асосии истиқлолият ва муҳимтарин
нишонаи мустақилияти давлат аст»
Эмомалӣ Раҳмон
Таърихи пайдоиши муомилоти пулӣ дар қаламрави Тоҷикистон аз давраҳои қадим ибтидо мегирад. Тангаҳои қадимтарин, ки дар қаламрави Тоҷикистон пайдо гардидаанд, дорикҳои тиллоии ҳахоманишиянд (асрҳои VI-V то милод), ки дар бозёфти машҳури “Хазинаи Амударё” дар осорхонаи машҳури Британияи Кабир маҳфуз аст, ҳанӯз соли 1878 дар ноҳияи Қубодиён кашф гардида буд, ба даст омадаанд. Сарзаминҳои Суғд ва Бохтари қадим, ки ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ҷузъе аз қаламрави онҳост, қисмати муҳими империяи Ҳахоманиширо ташкил намуда, дар меҳвари савдои қадими байналмилалии Шарқу Ғарб яъне дар Роҳи бузурги абрешим қарор гирифта буданд.
Муомилоти пулӣ дар қаламрави Тоҷикистон минбаъд дар аҳди Искандари Мақдунӣ ва Селевкиён (асри IV миёнаи асри III то милод) рушд пайдо кард. Зикри ин матлаб барои он муҳим аст, ки ҳанӯз дар давраи ҳукмронии Антиохи I (аввали асри III то милод ) дар Бохтар сиккахона амал мекард, ки дар он тангаҳои калони нуқрагин бо ному тасвири шоҳ сикка зада мешуд. Пешрафту шукуфоии бештари муомилоти пулӣ дар қаламрави Тоҷикистони қадим ба давраи мавҷудияти давлати Юнону Бохтари (асрҳои III-II то милод) тааллуқ дорад. Дар аҳди Кушониён рушди муомилоти пулӣ идома ёфт ва хусусиятҳои нави маҳаллӣ пайдо кард. Дар он айём тангаҳо аз тилло, нуқра ва мис сикка зада мешуданд. Дар қаламрави Тоҷикистони қадим бештар аз 20 хазинаи тангаҳои кушонӣ бозёфт гардидааст.
Дар асрҳои миёна муомилоти пулӣ дар давраи нахустин давлати мутамаркази тоҷикон - Сомониён дар асрҳои IX-X ба авҷи аълои тараққиёти худ расид. Дар ин замон дар бештар аз 30 шаҳрҳои Мовароуннаҳру Хуросон сиккахонаҳо амал мекарданд. Дирҳаму динорҳои Сомонӣ на танҳо дар ҳудуди ин давлат, балки фаротар аз қаламрави он дар Ҳинду Эрон, Чину Қошғару Рум ва дигар мулкҳои хилофат дар муомилот қарор доштанд. Рушди минбаъдаи муомилоти пулӣ дар Осиёи миёна ба давраи Темуриён (асри XV) рост меояд. Хазинаҳои бузурги тангаҳои мисини Темуриён дар гирду атрофи шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Ҳисор, Турсунзода ва маҳалҳои дигар бозёфт гардиданд.
Умуман дар ҳама давраҳои таърихӣ инсоният ба пул, мол ченаки арзиш ниёз дошт, ва ба сифати он ягон моли махсус танга ва ё маҳсули ҳунар ва эҷоди дасти худро барои муомилот дар хариду фурӯш истифода мекард.
Тибқи ахбороти сайёҳи итолиёвӣ Марко Поло аввалин маротиба пулҳои коғазӣ дар кишвари Чин ҳанӯз соли 1273 дар давраи ҳукмронии сулолаи Юан (1271-1368) чоп ва ба истифода дода шудаанд, сипас дар Аврупо ва Амрико (дар асрҳои XVII-XVIII) ба чоп расидааст.
Дар Россия аввалин пулҳои коғазиро соли 1769 дар давраи подшоҳии Екатеринаи II аз чоп бароварданд.
Дар сарзамини Осиёи миёна сикказании тангаҳо то соли 1920 идома ёфт. Барориши нахустин пулҳои коғазӣ дар ин қаламрав,ки мисли сиккаҳои нуқра “танга” ном доштанд, ба солҳои ҳукмронии амири охирини Бухоро Саид Олимхон рост меояд. Дар он давра пулҳои коғазии бо арзиши 20,50,100,300,500,1000,2000,5000, 10000 танга ба муомилот бароварда
Халқии Шуроии Бухоро ташкил гардид,ки барориши ҳамон пулҳои коғазии амириро танҳо бо фарқиятҳои ҷузъӣ идома дод,аз ҷумла дар доираи болоӣ навиштаи “Ҳукми ҳумоюни олӣ содир шуд” ба нишони Шуравӣ тасвири дос ва бастаи гандум иваз гардид ва ному вазифаи мансабдорон дигар карда шуданд. Тамоми матни ин пулҳо ба забони тоҷикӣ навишта шудааст.
Дар ҳудуди Тоҷикистони ҳозира то соли 1925 ягон муассисаи бонкӣ мавҷуд набуд. Зарурати ифтитоҳи муассисаи мустақили бонкӣ бо ташкили Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон (соли 1924) ба миён омад. Моҳи майи соли 1925 таъсиси аввалин воҳиди ҷумҳуриявии Душанбегӣ, баъдар воҳиди Тоҷикистонии Бонки давлатии ИҶШС эълон гардид.
Ташкили низоми пулӣ ва бонкӣ танҳо баъди истиқлолият ба даст овардани Тоҷикистон (9 сентябри соли 1991) ва ташкили Бонки миллии Тоҷикистон муяссар гардид. Бо вуҷуди он,ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991 истиқлолият ба даст овард, то охири соли 1993 дар ҳудуди ҷумҳурӣ пули давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъдтар аз 1 январи соли 1994 пули нақди Федератсияи Россия гардиш мекард. Тоҷикистон дар байни давлатҳои нави мустақил ягона кишваре боқӣ монда буд, ки дар қаламрави он то соли 1995 рубли Федератсияи Россия дар муомилот истифода мешуд. Ин вазъият як қатор мушкилоти иҷтимоию иқтисодиро ба миён овард, аз ҷумла қарзи давлатии ҷумҳурӣ аз сабаби нарасидани пули нақд барои пардохти музди кор, нафақа ва кӯмакпулиҳо бисёр афзуд маблағгузории иқтисодиёт амалан қатъ гардид ва ниҳоят Бонки милли Тоҷикистон имконияти гузаронидани сиёсати мустақилонаи пулию қарзӣ асъориро надошт. Ҳалли ин мушкилот ва масъалаҳои дигар зарурати ҷорӣ кардани пули миллиро ба миён овард.
Ҳамин тариқ, бо мақсади татбиқи сиёсати самараноки иқтисодӣ, суръат бахшидан ба дигаргуниҳои иқтисодӣ ва бунёди низоми мустақили пулии Тоҷикистон бо ташаббус ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ҷорӣ кардани пули миллии Тоҷикистон қарор қабул гардид. Мутобиқи қарори Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани пули миллӣ аз 6 майи соли 1995 №8 (324) “Дар бораи тартиби дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот баровардани пули миллӣ – “рубли тоҷикӣ” аз 10 майи соли 1995 пули миллии Тоҷикистон бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100, 200, 500, 1000 рубли тоҷикии намунаи соли 1994,барориши Бонки милли Тоҷикистон ба муомилот бароварда шуд.
Ба муомилот баровардани пули миллӣ барои рушди минбаъдаи ҷумҳурӣ аҳамияти муҳими иқтисодӣ дошт ва падидаи сиёсӣ,иқтисодӣ,иҷтимоӣ ва фарҳангие гардид, ки бо мусоидати Хазинаи Байналмилалии Асъор сурат гирифт. Ин воҳиди пулӣ дар муддати 5 соли дар муомилот қарор доштанаш дар ташкили заминаҳои истиқлолияти иқтисодии кишвар нақши муҳим бозид ва барои оғози фаъолияти нави комилан миллии пулӣ шароити зарурӣ муҳайё гардонд.
Бо фароҳам омадани суботи сиёсӣ ва иқтисодии кишвар Бонки милли Тоҷикистон соли 1999 бо муассисаи Giesecke Devrient (Олмон) барои тайёр кардани пули миллӣ, ки таърихи гузашта ва фарҳангии имрӯзаи халқи тоҷикро инъикос менамояд, шартнома баст. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2000, № 415 дар хусуси аз таърихи 30 октябри соли 2000 ба муомилот баровардани воҳиди нави пули миллии кишвар - “Сомонӣ”, ки ба ифтихори бунёдгузори нахустин давлати мутаммаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ (849-907) номгузорӣ шудааст, эълон гардид ва пулҳои коғазӣ бо арзиши 1,5,10,20,50,100 сомонӣ ва воҳиди хурди он бо арзиши 1, 5, 20, 50 дирам ба муомилот бароварда шуданд. Дар пулҳои коғазии нав расми арбобони бузурги муосир ва гузаштаи халқи тоҷик ва ҳамчунин тасвири ёдгориҳои меъморӣ ва таърихии Тоҷикистон ва ҳунару санъати мардуми тоҷик ҷой дода шуданд.
Бо мақсади такмили сохтори низоми пулии кишвар бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №У11 645 аз 28 августи соли 2001, аз таърихи 3 сентябри соли 2001 тангаҳои филиззии барориши Бонки миллии Тоҷикистон бо арзиши 1, 3, 5 сомонӣ ва 5, 10, 20, 25, 50 дирам ба муомилот бароварда шуданд. Ин тангаҳо дар корхонаи сикказании шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия тайёр карда шудаанд.
Моҳи ноябри соли 2004 аввалин тангаҳои хотиравии Тоҷикистон ба муомилот бароварда шуданд, тангаҳои арзиши 5 сомонӣ ба ифтихори 10 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тангаҳои арзиши 3 сомонӣ ба ифтихори 80-солагии пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ва баъдан аз санаи 10 сентябри соли 2010, боз пулҳои коғазии бо арзиши 3, 200, 500 сомонӣ бо тасвири акси қаҳрамонҳои Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва Сардафтари адабиёти классики тоҷик – Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муомилот бароварда шуданд.
Бояд таъкид сохт, ки пули миллӣ, ки дар ҳудуди кишварамон эътибори кофӣ дорад, яке аз рамзҳо ва муқаддасоти миллии мо ба ҳисоб меравад, ва эҳтиром гузоштан ба он вазифаи шаҳрвандии мост.
Имрӯз сомонӣ яке аз пулҳои устувор дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҳисоб меравад,ки таваҷҷӯҳи доираҳои молиявии давлатҳои ҳамсояро ба худ ҷалб намудааст.
Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми давлат ва миллат аст. Пули миллӣ яке аз муқаддасоти давлат маҳсуб мешавад, аз ин рӯ ҳар шаҳрванди худшиноси ҷумҳурӣ бояд ба он арҷ гузорад, ифтихор намояд ва нисбат ба он бо эҳтиром муносибат намояд.
Икромзода Раҳмоналӣ - мутахассиси шуъбаи
ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони
хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи
соҳибкорони дастгоҳи Ваколатдор оид ба
ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.








