САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БА ДАСТ ОВАРДАНИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ БЕНАЗИР АСТ
Ваҳдати миллӣ бузургтарин ва арзишмандтарин дастоварди давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад, зеро тамоми пешрафту комёбиҳои Ватани азизамон ва рӯзгори пурсаодати мардуми шарифи кишвар маҳз аз он сарчашма мегирад. Бинобар ин, бо гузашти солҳо аҳаммият ва мақому манзалати ин рӯйдоди тақдирсози миллати тамаддунофару сулҳпарвари тоҷик боз ҳам боло меравад.
Бояд хотирнишон сохт, ки дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистони азизамон воқеҳои мудҳишу даҳшатовари ба ҳамагон маълум ба вуқуъ пайваст. Маҳз бо айби баъзе аз қудратҳову гурӯҳҳо ва душманони миллати тоҷик Тоҷикистони тозаистиқлол ба коми оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд ва хавфи аз миён рафтани давлати мустақил ба вуҷуд омад. Сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дигари низомӣ фалаҷ шуданд. Дар он айём, Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона мақоми олии салоҳиятдор ва дорои ваколати конститутсионӣ буд. Аз ин лиҳоз, дар он вазъияти мураккаби сиёсии ҷомеа 16-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд, ки минтақаи нисбатан ороми мамлакат буд, шуруъ гардид.
Дар ҳамон вазъи душвори сиёсӣ мардуми кишвар ба роҳбари кордону ботадбир, дурандешу олиҳиммат, хайрхоҳу хирадманд ва ғаюру шуҷоъ хеле эҳтиёҷ дошт. Боиси хушбахтӣ аст, ки 19-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии кишвар фарзонафарзанди миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд ва шаҳрвандони мамлакат дар шахсияти ӯ наҷотбахши давлату миллатро дарётанд. Миллатдӯстиву ватанпарастӣ, ҷасорату далерӣ, қатъияту устуворӣ аз хислатҳои фарқкунандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданду ҳастанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ваҳдати миллӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ машаққати зиёдро аз сар гузаронида, борҳо ҷон дар хатар гузоштанд, то ки миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик ва давлати мустақили Тоҷикистон аз вартаи таназзулу маҳвшавӣ раҳо ёфта, сулҳу субот, тинҷию амонӣ дар мамлакат поянда бошад. Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июни соли 1997 дар Муроҷиатномаи худ ба муносибати имзо гардидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» иброз доштанд: «Ҷидду ҷаҳд ва умедвориҳои 5-6 соли охир барои нигоҳ доштани давлати миллии тоҷикон маҳз дар ҳамин рӯзи саид ҷомаи амал пӯшид. Вале агар шумо раванди расидан ба ин рӯзи муборакро пеши назар оред, дарк мекунед, ки мо дар ин чанд соли охир чӣ қадар монеаю мушкилот ва гирифторию печидагиҳоро пушти сар кардем».
Бо ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷиҳати рушду инкишофи кишвар дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам гардид. Ҳамакнун кулли сокинони кишвар зери парчами сулҳу ваҳдати миллӣ дар фазои орому осудаи давлати биҳиштосоямон кору фаъолият менамоянд ва сарбаландона умр ба сар мебаранд.
Лозим ба ёдоварист, ки аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2000-ум дар ҷаҳон «Соли байналмилалии фарҳанги сулҳ» эълон гардид ва боиси ифтихору сарафрозии ҳар нафари миллатдӯсту ватанпарасти Тоҷикистони азиз аст, ки дар ин иқдом таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон низ ба эътибор гирифта шудааст.
Ба туфайли соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллӣ, зиёда аз 20 сол мешавад, ки Тоҷикистони мустақил масъалаҳои ҷомеаи ҷаҳонро марбут ба обу иқлим дар чорчӯбаи рӯзномаи глобалӣ фаъолона пеш мебарад. Маҳз бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» эълон шуда, барномаҳои «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» солҳои 2005-2015», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об» ва «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028» дар сатҳи ҷаҳонӣ иҷобат ёфтанд. Ҳамакнун ташаббуси панҷуми Пешвои миллат аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ пазируфта шуд. Чунончи, 14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии СММ қатънома дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 қабул кард, ки дар он ҳам эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва ҳам Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо қайд шудааст.
Қобили зикри хос аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23-юми сентябри соли 2024 зимни суханронии худ дар СММ дар Ҳамоиши Оянда чунин таъкид ба амал оварданд: «Имрӯз, мо шоҳиди афзоиши низоъҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон ҳастем, ки садҳо ҳазор талафоти ҷониро миёни аҳолии осоишта дар пай доранд. Мо – роҳбарони давлатҳоро зарур аст, ки атрофи ҳадафҳои умумӣ ба мақсади таъмини сулҳи пойдор дар тамоми курраи Замин ва хотима бахшидан ба ранҷу азоби одамон бар асари ҷангҳо ва пайомадҳои даҳшатбори онҳо муттаҳид шавем. Вақти он расидааст, ки мо аз иқдомҳои муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигирем».
Дар робита ба ин, Роҳбари давлат пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад.
Ҳодисаҳои нохўше, ки имрўзҳо дар ҷаҳон рух дода истодаанд, зарурати ҳарчи зутдар қабул шудани пешниҳоди фавқуззикрро тақозо дорад. Аз ин рў, умедворем, ки пешниҳоди навбатии Тоҷикистон доир ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» бо мақсади таъмини сулҳи устувор дар тамоми кишварҳои дунё аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта хоҳад шуд.
Маҳз натиҷаи сулҳу ваҳдат аст, ки ҳоло ҷиҳати расидан ба чор ҳадафи стратегии кишвар – таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, ки натиҷаи рушду нумўи Тоҷикистони мустақил мебошад, қадамҳои устувор гузошта мешаванд.
Мусаллам аст, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҷомеаи адолатпарвар, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир ва нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо бахшиданд ва дар рушди давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузургу арзишманд намуданд.
Биноан, хизматҳои пурарзишу қаҳрамононаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадрдонӣ шуда, бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми декабри соли 1999, таҳти №923 бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» сарфароз гардонда шуданд. Афзун бар ин, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» (аз 14-уми ноябри соли 2016, таҳти №1356) қабул гардида, ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътироф шуданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.
Ҳамин тавр, дар шароити зудтағйирёбандаи вазъи сиёсии ҷаҳон, мо халқи Тоҷикистонро зарур аст, ки ба қадри суботу амният ва сулҳу ваҳдати миллӣ расем ва дар атрофи Пешвои муаззами миллат сарҷамъу муттаҳид бошем ва ба халқу Ватан хизмати шоиставу мондагор намоем.
Фирўз Сайнозимзода,
сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва
сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ








