Дӯст бошед!
Иттифоқ бошед!
Шукронаи ана ҳамин сарзамин кунед!
Шукронаи ана ҳамин давлат кунед!
Шукрона кунед, ки чунин Ватани азизу маҳбуб доред!
Эмомалӣ Раҳмон
Инҳо суханҳои пурмазмуну гуҳарбори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки мо ҳамарӯза аз тариқи воситаҳои ахбори омма якчанд маротиба мешунавем.
Мо, халқи Тоҷикистон, бояд ба қадри ин суханҳо бирасем ва бо ҳисси баланди ватандӯстӣ шукрона кунем, ки чунин Ватани азизу маҳбуб ва чунин Пешвои муаззами сулҳпарвар дорем.
Маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон соли 1994 нахустин Конститутсияи даврони истиқлолиятро, ки яке аз беҳтарин Конститутсияҳо шинохта шудааст, қабул намуд, ки он баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки аз 16.11.1992 то 2.12.1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд бо мақсади барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ доир гардид, аҳд намуданд, ки “Ман ба шумо сулҳ меорам”.
Мусаллам аст, ки ба даст овардани сулҳу субот бе дӯстиву ҳамдилӣ ғайриимкон мебошад ва дар ин аснод маҳз бо ташаббусу талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон байни мардуми тоҷик дӯстӣ барқарор гардида, санаи 27 июни соли 1997 миёни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифин дар шаҳри Маскав «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расонида шуд.
Мо дар ҳаёти худ мушоҳида намудем, ки сарчашмаи меҳру муҳаббат, ҳамдилӣ, ҳамфикрӣ, садоқат ва рафоқат дӯстӣ ба ҳисоб меравад. Он на танҳо шахсиятҳо, балки миллату халқҳои гуногун ва ҳатто давлатҳои мухталифро бо ҳам мепайвандад. Дӯстӣ меҳвари сулҳу субот ва тараққиёти давлатҳо ба ҳисоб рафта, баҳри пешрафти иқтисодиёт ҷиҳати ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва бехатарии марзу буми давлатҳо дар бастани шартномаҳои байнидавлатӣ ва байналмилалӣ ҳамчун маҳаки асосӣ арзёбӣ мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола санаи 30 июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии дӯстӣ ҷашн гирифта мешавад, ки бо Қарори Ассамблеяи Генералии СММ аз 27 апрели соли 2011 (Қатъномаи A/RES/65/275) дар иҷлосияи 65-ум қабул гардидааст.
Яке аз бузургтарин омиле, ки дар тӯли қарнҳо метавонад таъсири асосӣ ва мусбиро дар ҳаёти моддию маънавӣ ва маданию фарҳангии халқиятҳо ба бор биёрад ин дўстии байни қавму миллатҳои гуногун дар руйи замин мебошад.
Дӯстии байни халқу миллатҳо мардуми сайёраро муттаҳиду сарҷамъ месозад, зиндагиро рангин гардонида, ба мардум бахту саодат меорад. Ҳақ ба ҷониби шоири халқии Тоҷикистон, раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо, қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода аст, ки мефармоянд:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Дар ҷаҳони муосир ва даврони соҳибистиқлолӣ барқарор намудани дӯстӣ байни кишваҳои мухталиф ба нафъи чомеаи ҷаҳонист. Маҳз тавассути заҳмат ва ташаббусҳои ҷаҳонии сарвари давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати барқарор кардани сулҳу субот ва дӯстӣ дар кишвар Точикистонро давлатхои зиёде мешиносанд ва муносибатҳои дипломатӣ барқарор кардаанд. Шоир ва муаллими ахлоқ Саъдии Шерозӣ дӯсту бародар ва муттаҳид будани тамоми халқу милатҳоро новобаста аз баромади иҷтимоӣ хело орифона ба назм даровардааст.
Аз Нуъмон ибни Башир ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) фармуданд: “Мусалмонони комил дар меҳрубонӣ ва дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо ҳам монанди як ҷисм ҳастанд, ки чун узве аз он ҷисм бемор гардад, дигар аъзои бадан ба бедорхобӣ ва таб ба кӯмаки он узви бемор мешитобанд.”
Дар ин аснод, Саъдии бузургвор ҳасиди шарифи мазкурро дар назм дароварда, чунин фармудаанд:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавхаранд.
Чу узве ба дард оварад рузгор,
Дигар узвхоро намонад карор.
Ин сатрҳои шайхурраис Саъдии Шеърозӣ, ки ҳудуди зиёда аз 750 сол пеш навишта шудааст, ба шиори расмии Созмони Милали Муттаҳид табдил ёфта, бо ҳарфҳои заррин дар пояи бинои ситоди СММ дар Ню-Йорк нақш бастааст.
Дар баёнияи мавзуи дӯстӣ ривоятҳои бисёре омадааст, ки аз ҳикмат холӣ нестанд ва дар тарбияи насли наврас бояд ба кор бурда шаванд.
Ривоят аст, ки аз Абузари Ғиффорӣ пурсиданд, ки "Чаро танҳоӣ?" дар посух гуфт: "Танҳоӣ беҳтар аз шарикони бад аст, аммо дӯсти хуб аз танҳоӣ беҳтар аст!"
Дӯстӣ дар ҳаёти инсонӣ амри муҳим мебошад ва ҳаётро бе дӯстони ҳақиқӣ тассавур кардан мушкил аст. Дӯсти хуб ин ҳамнишин, ҳамдард ва ҳамроз буда, дар зиндагии мо мавқеи хосса дорад. Ҳатто ҳолатҳое ҷой дорад, ки дӯстони ҷонӣ дар баъзе мавридҳо аз бародар дида ғамхор мешаванд ва дар мушкилоти зиндагӣ дасти кӯмак дароз менамоянд.
Ориферо пурсидаанд, “Дар зиндагӣ бародар хуб аст ё дӯст, ҷавоб дода: Бародар хуб аст, агар дӯст бошад».
Дар баробари дигар амалу ахлоқҳои инсонӣ дӯстӣ низ одоби хоси худро дорад. Дӯст бояд ростгӯ, ҳалим ва содиқ бошад. Чунки дар натиҷаи барпо намудани дӯстӣ ҳуқуқу уҳдадориҳое пайдо мешаванд, ки риояи онҳо амри муҳим ва ҳатмӣ мебошад. Вафоӣ ба аҳду паймон, дастгирии якдигар ва ҳифзи сирру асрори дӯстон аз одобҳои дӯстӣ буда, метавонад сабаби мустҳакамӣ ё парокандагии дӯстӣ бошад.
Мусаллам аст, ки ҳангоми дӯстӣ миёни шаҳрвандон ва халқу миллатҳо ҳуқуқҳои ҳар як шахсият риоя гардида, душманӣ ва кинаву адоват, ки залолат ва сабаби бадбахтӣ мебошанд, аз байн канда мешавад.
Луқмони Ҳаким фармуданд: «Дӯстатро намешиносӣ магар вақте ба ӯ ниёз пайдо мекунӣ».
Шоири маъруфи классики форсу тоҷик Саъдии Шерозӣ дар ашъори безаволи худ дӯстиро ба се навъ ҷудо намуда, дар мисраъҳои гуҳарбори худ мафҳуми онро чунин маънидод кардааст:
Дӯстон се навъанд, ар бидонӣ,
Забонианду нонианду ҷонӣ.
Ба нонӣ нон бидеҳ аз дар биронаш,
Навозиш кун ба ёрони забонӣ.
Валекин дӯсти ҷониро ба даст ор,
Ба ҷонаш ҷон бидеҳ, гар метавонӣ.
Хулоса дар интихоби дӯст мо бояд боандеша ва эҳтиёткор бошем. Ҳамзамон, баҳри дарёфти дӯсти ҳақиқӣ ва мустҳкамии рафоқат саъй намоем ва аз дӯстони моддию забонӣ, ки аз рӯи тарс ё ниёз, ба хотири пулу мол ё зердастии ба хотири мансаб бо мо дӯстӣ мекунанд, бар ҳазар бошем ва канораҷӯӣ намоем.
Дӯстӣ неъматест, ки онро қадр ва эҳтиёт бояд кард.
М. Довудов – муовини сардори
ШБИТТ Дастгоҳи ВҲИ








