Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Рушди ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад. Тибқи моддаи 39 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти меҳнатӣ, маҳрум шудан аз саробон ва дигар ҳолатҳое, ки қонун муқаррар кардааст, ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ кафолат дода мешавад.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳо андешида мешаванд. Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ислоҳоти низоми иқтисодиёти миллиро тавассути аз низоми банақшагирии мутамаркази давлатӣ ба иқтисоди бозоргонӣ гузаронидани соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба роҳ монда, дар ин самт як қатор чорабиниҳоро амалӣ намудааст. Аз ҷумла, гузаронидани ислоҳоти қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии муайянкунанда ва танзимкунандаи муносибатҳои иқтисодӣ қабул карда шуданд. Рушди шаклҳои гуногуни моликият, ташкили фаъолияти хоҷагидорӣ, хусусигардонии моликияти давлатӣ, ҷорӣ намудани муомилоти пули миллӣ, ташкили корхонаҳои муштарак ба рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат намуд. Инчунин давра ба давра амалӣ гардидани ислоҳоти сохторӣ дар соҳаҳои муҳими давлатӣ, бахусус идоракунӣ, молия, фаъолияти бонкӣ, инчунин маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавассути таҳия, қабул ва татбиқи як қатор қонунҳо, стратегия ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои ҳаматарафа рушд ёфтани иқтисодиёти мамлакат заминаи мусоид гузошт.

Бо дарназардошти арзиши олӣ эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон, зарурати аз ҷониби давлат таъмини ҳуқуқи инсон бо роҳи фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба миён омад. Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои стратегӣ аз тарафи давлат тадбирҳои мушаххас андешида шудааст.

Баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, дар ин самт тадбирҳои саривақтӣ андешида шудаанд. Бо мақсади беҳтар кардани вазъи иқтисодию иҷтимоӣ сохтмони роҳҳои замонавӣ ва бунёди нақбҳо ба роҳ монда шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки кишвари мо яке аз кишварҳои дорои захираҳои бойи обӣ мебошад. Ин хусусиятҳо, ҷиҳати таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва ба давлати содиркунандаи қувваи барқ табдил додани он аз ҷониби Ҳукумат барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта заминаи мусоиди иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои болозикр аз тарафи давлат тарбирҳо андешида шуда, сохта ва ба истифода додани якчанд иншооти муҳим роҳандозӣ гардид. Аз ҷумла дар даврони Истиқлолияти давлатӣ як қатор Неругоҳҳои барқии обӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд.

Бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ барои саноатикунонии кишвар аз ҷониби давлат тадбирҳо андешида шуд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр равона шуда, бо ин мақсад ба ҷумҳурӣ технологияҳои нав ба нав ворид карда шуданд. Ба соҳибкорони ватанӣ барои ворид намудани  технологияҳои нави истеҳсолӣ якчанд имтиёзҳо дода шуда, технологияҳо воридшаванда аз пардохтҳои гумрукӣ ва андозӣ озод карда шуданд. Фаъолияти соҳибкорӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ рушд ёфта, қонунгузории миллӣ дар самти мазкур такмил дода шуд. Фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ аз ҷониби давлат дар моддаи 12 Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудааст.

Кишвари мо узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шуд ва ба аксарияти санаҳои байналмилалӣ, ки дар самти соҳаи ҳуқуқи инсон аст эътироф намуда, онҳоро ба имзо расонид.

Санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии  ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки бо қатъномаи 2200 А (XXI) Ассамблеяи генералӣ 16 декабри соли 1966 қабул шудааст, аз 4 апрели соли 1999 эътибор пайдо намудааст. Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ давлатҳои ширкаткунандаро уҳдадор менамояд, ки иҷрои якхелаи ҳуқуқҳои  иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии дар Паймон пешбинишударо риоя намуда, барои татбиқи он барои мардону занон имкониятҳои баробар муҳаё намоянд. Тибқи Паймони мазкур давлатҳои аъзо ҳуқуқ доранд мақоми сиёсии худро озодона муқаррар намуда, рушди  иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро таъмин намоянд. Ҳамчунин риоя ва таъмини ҳуқуқҳои ҳар як фардро ба таъмини иҷтимоӣ, меҳнат, шароити мусоиди меҳнатӣ, ташкили иттифоқи касабаи кормандон, табобат, истироҳат, таҳсил, ташкили оила ва ғайраро аз ҷониби давлат таъкид намудааст.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд, дар он аввалин маротиба тибқи моддаи 38 меъёри конститутсионӣ вобаста ба ҳуқуқи ҳар шахс ба ҳифзи саломатӣ муқаррар карда шуда, истифода аз ёрии тиббии ройгонро дар муассисаҳои нигоҳдории тандурустии давлатӣ кафолат додааст. Тибқи муқаррароти меъёри моддаи мазкур давлат вазифадор гардидааст, ки барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва сайёҳӣ тадбирҳо андешад.

Мусоидат ба баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он ба пешрафти ҷомеа дар самти рушди маориф ва илм нақши муҳим дорад. Ҳифзи ҳуқуқ ба таҳсил дар моддаи 41 кафолат дода шудааст. Тибқи муқарароти моддаи мазкур ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад.

Барои баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тарбия намудани мутахассисони соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ соли 1997 асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ – пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани сеюми Иттиҳоди занон пешниҳод намуданд, ки квотаи махсус барои таҳсили духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ҷудо карда шавад. Ҳуқуқи истифода аз ин имтиёзро хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии минтақаҳои дурдасти кишварамон пайдо намуданд.

Фарҳанг дар низоми сиёсати иҷтимоии кишвар ҳамчун самти афзалиятнок эътироф гардида, баҳри таъмини рушди устувори он аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тадбирҳо андешида мешаванд. Ҳуқуқи иштироки озодонаи шахс дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ва истифода аз дастовардҳои он дар моддаи 40 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудааст. Тибқи муқаррароти моддаи мазкур сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя намуда, моликияти зеҳнӣ таҳти ҳимоияи қонун қарор дорад.

Бо фароҳам овардани шароит барои озодии сухан теъдоди воситаҳои ахбори омма, бахусус рӯзномаву маҷаллаҳои хусусӣ сол то сол рӯ ба афзоиш ниҳод, ки ҷиҳати таъмин намудани ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот мусоидат менамояд.

Тибқи муқаррароти моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарватҳои зеризаминӣ, аз ҷумла об моликияти истисноии давлат буда, истифодаи самараноки он аз ҷониби давлат ва ба манфиати халқ кафолат дода шудааст.  Дар самти мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳо андешида шудаанд. Аз ҷумла Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 қабул гардид. Дар сатҳи байналмилалӣ бошад, Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ аз соли 1992 Созишномаро дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи идораи муштараки истифода ва ҳифзи захираҳои оби сарчашмаҳои байнидавлатӣ  имзо намуда, дар соли 1993 ҳаммуассиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал гардидааст.

Баъди бадаст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва баланд шудани обру ва нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ созмонҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон саҳм гузоштанд.

 

Сафаргули Шамсулло

сармутахассиси Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ,

иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор