«Конститутсия - санади таърихӣ ва тақдирсоз»
Вақте сухан оиди Конститутсия меравад, мафҳуми он дарк кардан зарур аст. Бинобар ин Конститутсия аз калимаи лотинии «coustitutio» гирифта шуда, маънояш “сохт”, “муқарраркунӣ” мебошад ва қонуни асосиест, ки эътибори олии ҳуқуқи дошта, асосҳои сохти ҷамъиятӣ ва сохти давлатдорӣ, муносибатҳои байниҳамдигарии миёни давлат ва шахсият, ташкил ва фаъолияти низоми мақомоти давлатиро таҳким медиҳад.
Аслан, мафҳуми Конститутсия дар замони инқилоби буржуазӣ ба миён омадааст ва аввалин Конститутсияи қабулшуда соли 1787 дар ИМА маҳсуб меёбад.
Агар ба таърихи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем, маълум мегардад, ки баъди пошхурии ИҶШС ва баъди ба даст овардани Истиқлолият, Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарурат пеш омад, ки Конститутсияи нави худро қабул намояд. Бо ин мақсад мувофиқи қарори Шурои Олии ҶШСТ соли 1990 Комиссияи конститутсионӣ оид ба омода намудани лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 53 нафар ташкил ёфт.
Ҳамзамон, бо ташаббуси Кумитаи қонунгузории Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Комиссияи Конститутсионӣ гуруҳи корӣ иборат аз 25 нафар, асосан аз табақаҳои олимони намоёни соҳаи ҳуқуқ, иқтисодиёт, илму фарҳанг ва дигарон ташкил карда шуд.
Комиссияи мазкур соли 1991 варианти аввали лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки он аз муқаддимаи мухтасар, 7 фасл, ки баъзеи онҳо бо бобҳо ҷудо мешуданд ва аз 150 модда иборат буд, ба Кумитаи қонунгузории Шурои Олӣ пешниҳод карданд. Аммо идомаи таёр кардани лоиҳаи Конститутсия бо сабаби пошхурии ИҶШС мавқуф гузошта шуд.
Баъдан, 13 апрели соли 1994 лоиҳаи нави Конститутсия ба муҳокима гузошта шуд ва 6 ноябри ҳамон сол раъйпурсии умумихалқӣ оид ба қабули Конститутсия гузаронида шуд. Натиҷаи расмии ин раъйпурси нишон дод, ки 87,59 фоизи аҳолӣ ба тарафдории Конститутсия овоз доданд. Ҳамин тариқ, Конститутсияи навини Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 қабул карда шуд.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6-уми ноябри соли 1994 на танҳо оғози давраи нави давлатдории миллӣ, балки шурӯъ намудани марҳилаи таърихии устуворсозии сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеаи демократӣ гардид. Ин рӯйдоди бузурги сиёсӣ маҳз бо заҳмату талошҳо ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардид, ки бо ҷасорат ва иродаи қавӣ миллатро аз гирдоби ҷанг раҳо бахшида, ба сӯи ваҳдат ва давлатдории муосир раҳнамун созад.
Бояд қайд кард, ки ба Конститутсияе, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ яъне 6 ноябри соли 1994, қабул гардидааст, то имсол ба он се маротиба 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
Пешрафти ҳаёти ҷомеа талаб намуд, ки муқаррароту меъёрҳои конститутсионӣ такмил дода шавад ва он ба талаботи давру замон мувофиқ гардонда шавад.
Бо ин мақсад, бори якум 26 сентябри соли 1999 бо мақсади ҳаллу фасл кардани як қатор масъалаҳои мубрами рўз, ки дар Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 ба имзо расидабуд, тағйиру иловҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба 31 моддаи Констиутсия тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.
Бори дуюм 22 июни соли 2003 бо мақсади арзиши олӣ эътироф намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, муҳлати ваколати Президент, муҳлати ваколатҳои судяҳо ва муқаррароти интиқолӣ ва таҳриру тасҳеҳ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба 56 моддаи Констиутсия тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.
Бори сеюм 22 майи соли 2016, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти рушди забони давлатӣ, ба инобат гирифтани қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 октябри соли 2011, №458 тасдиқ карда шудааст, зарурат пеш омад, ки матни Конститутсия, истилоҳо ва ибораву калимаҳои он мукаммал гардонида, вожаву таркибот тибқи меъёрҳои он дақиқ навишта шаванд.
Зарурати дигари ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ин ба ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад ва ин навбвт ба 41 банди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони тағийру иловаҳо ворид карда шуд.
Бояд қайд кард, ки дар ҳар даврае, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст, дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил меёбад ва баланд бардошта мешавад ва барои рушди соҳаҳои сиёсӣ, иктисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунад, ки ин пеш аз ҳама самараи заҳматҳои бевоситаи Сарвари давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад.
Тазаккур бояд дод, ки Конститутсия ин оинаи воқеии ҳастии миллат ва таҷассумгари ормонҳои мардуми тоҷик мебошад. Барои миллати тоҷик Конститутсия на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки рамзи худшиносӣ, пояи давлатдорӣ ва кафили истиқлолияти сиёсиву ҳуқуқӣ маҳсуб меёбад.
Волоияти қонун, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҷзияи ҳокимият, масъулияти байниҳамдигарии давлат ва шахсият нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд мебошанд.
Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд бо ифтихор бигӯяд, ки мо соҳиби чунин Конститутсия ҳастем, ки ба инсон эҳтиром мегузорад, ваҳдатро ҳифз мекунад ва ояндаи миллатро бо равшании умеду адолат таъмин месозад. Конститутсия ин олитарин ва муқаддастарин рамзи давлат ва пойдевори Ватани маҳбубамон Тоҷикистон аст!
Роҳбари намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи
инсон дар вилояти Хатлон
Давлатов Х.








