Конститутсия- санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори давлат
“Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст.
Дар ин замина Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми
миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд”.
Эмомалӣ Раҳмон
Бояд қайд намуд, ки дар таърихи давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ маротиба конститутсия қабул гардидааст:
28 апрели соли 1929
25 феврали соли 1931
1 марти соли 1937
14 апрели соли 1978
6 ноябри соли 1994
Рӯзи 6 ноябри соли 1994 дар таърихи навини тоҷик аввалин маротиба раъйпурсии умумихалқӣ бахшида ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он 94,4 фоизи шаҳрвандон иштирок намуданд. Аз ин 87 фоизи онҳо ба тарафдории қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз доданд ва ҳамин тавр ҳамасола 6 ноябр Рӯзи Конститутсия ҷашн гирифта мешавад ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ин рӯз истироҳат эълон шудааст.
Дар давоми 31 сол ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.
26 сентябри соли 1999
22 июни соли 2003
23 майи соли 2016
Ин тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан барои мустаҳкам намудани асосҳои давлати ҳуқуқбунёд, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ волоияти меъёрҳои конститутсионӣ адолати судӣ, дахлнопазир эълон шудани ҳуқуқҳои фитрии инсон ва ғайраҳо равона карда шудааст.
Бояд зикр намуд, ки Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлатӣ бо пайдоиши инқилобҳои буржуазӣ ва давлату синфҳои буржуазӣ аввалин маротиба дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико соли 1787 ва Фаронса соли 1791 ба вуҷуд омад. Баъдан дар Полша соли 1791, дар Венесуэла соли 1811, инчунин дар Белгия соли 1831, дар Канада соли 1867 ва дар Австралия соли 1900 конститутсияҳои худро қабул намуданд. Аз ҳамон давра сар карда конститутсия шакли ягонаи қонуни асосиро гирифта, ҳамчун сарқонуни ин ё он давлати алоҳида эътироф шуд.
Конститутсия истилоҳи лотинӣ- constitution буда, маънои сохт муқарраркунӣ ё тасдиқкуниро дорад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конститутсияи сифатан нав ва қабули он дар ҳаёти ҷумҳурӣ ҳақиқатан воқеаи таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Ин ҳуҷҷати бо роҳи демократӣ қабулшуда ба ҳисоб рафта, Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мустаҳкам менамояд. Дар он шакли идоракунӣ, сохтори давлатӣ ва реҷаи сиёсӣ муайян карда шуда, давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистон мустаҳкам гардидааст. Хусусияти фарқкунандаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дар он аст, ки он аввалин маротиба усули таҷзияи ҳокимиятро пешбинӣ карда, волоияти меъёрҳои қонуни асосӣ ва бартарияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро муқаррар намудааст. Дар он нахустин маротиба сухан дар бораи вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд меравад, ки барои конститутсияҳои пешина ин мафҳум бегона буд. Қобили зикр аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар конститутсияҳои ҷаҳон яке аз конститутсияҳои одилонаву демократӣ ва дурандешона ба ҳисоб меравад. Ҳамин аст, ки ин Конститутсия аз ҷониби мутахассисон ва коршиносони байналмилалӣ баҳои мусбӣ гирифта, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо бошад, Конститутсияи давлати моро дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои аъзои ин созмон ҷой додааст. Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 ба стандартҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, аз меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи башар сарчашма гирифтааст. Зеро дар моддаи якуми боби аввали Конститутсияи кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ муаррифӣ шудааст. Давлат тамоми табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кудакону наврасони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, пирону беморон, маъюбон ва ғайраро зери парасторӣ ва ғамхории махсус гирифтааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд намуданд, ки “Конститутсия ба сифати Қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад”.
Инчунин Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат бо дастгирии халқи азизу меҳнатпарвари худ пайваста талош менамоянд, ки ҳарчи зудтар сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ баланд гардида,Тоҷикистони азиз боз ҳам ободтару зеботар гардида, ба ҳадафҳои олии стратегии худ бирасад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳақиқат бахтномаи миллат, гувоҳномаи давлати соҳибистиқлол ва рисолаи тақдири кишвар буда, маҳз бо шарофати Конститутсия ҷаҳониён Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушода ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд.
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати шуҷоати сиёсиву маърифати баланди ҳуқуқии мардуми шарафманд ва сулҳдӯсту тамаддунофар ҳамчун санади тақдирсози таърихӣ қабул гардидааст. Конститутсия Истиқлолияти моро аз ҷиҳати ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва Тоҷикистонро ба оламиён ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намуд. Ва ҷамъияти моро мебояд, ки аз доштани чунин муқаддасот, яъне Конститутсия ва доштани чунин ватани осоиштаву маҳбуб шукргузор бошем ва ҳамеша онро пос дорем.
Икромзода Раҳмоналӣ – мутахассиси пешбари Шуъбаи
ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони
хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи
соҳибкорони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба
ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.








