Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар замони соҳибистиқлолӣ ба дастоварду муваффақиятҳои назаррас шарафёб гардид, ки онҳо дар беҳтар шудани фазои сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвар нақши муассир гузоштанд.
Яке аз чунин дастоварду муваффақиятҳо аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Конститутсияи мамлакат санади олии ҳуқуқӣ, ҳуҷҷати сарнавиштсозу ифодагари азму ирода ва нияту орзуҳои неки халқи Тоҷикистон буда, дар марҳилаи хеле ҳассосу мураккаби сиёсии кишвар қабул шудааст.
Қонуни асосии кишвар инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитриашро дахлнопазир эътироф намуда, риоя ва ҳифзи онҳоро ба зиммаи давлат вогузор намуд. Боби дуюми ин санади олии ҳуқуқии мамлакат ба ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, ки яке аз калонтарин бобҳои он маҳсуб ёфта, фарогири 34 модда мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон азму иродаи халқи Тоҷикистонро оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат эълон намуд.
Боиси ифтихору сарафрозӣ аст, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷониби ташкилотҳои бонуфӯзи байналмилалӣ, коршиносон ва мутахассисони соҳа, ҳамчун ҳуҷҷати нодири ҳуқуқии дорои тамоми арзишҳои ҷомеаи демократӣ дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо пазируфта шудааст.
Агар ба таърихи қабул гардидани конститутсияҳои Тоҷикистон назар афканем, маълум мешавад, ки конститутсияҳои даврони шуравии Тоҷикистон аз тарафи вакилони Шурои Олӣ қабул мегардиданд ва ба онҳо тағйиру иловаҳо низ аз ҷониби ҳамин мақомот ворид карда мешуданд. Масалан, ба Конститутсияи соли 1978, ки то соли 1994 амал кард, ҳолатҳое рух медоданд, ки вакилони Шурои Олӣ ҳатто дар як рӯз якчанд маротиба ба он тағйиру иловаҳо ворид мекарданд. Баъзан ин тағйиру иловаҳо бо ҳам мухолифат доштанд, ки дар натиҷа сифати Конститутсияро коҳиш медоданд.
Аз ин лиҳоз, соли 1994 дар мамлакат ислоҳоти конститутсионӣ гузаронида мешавад. Аз ҷумла, Шурои Олӣ 20-уми июли соли 1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд ва дар он махсусан масъалаи тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидан Конститутсия таъкид гардид.
Дар натиҷа, 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи мамлакат аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ бо тарафдории шумораи зиёди шаҳрвандони мамлакат қабул гардид. Бояд хотирнишон сохт, ки дар ҳамон рӯзи таърихӣ дар раъйпурсии умумихалқӣ 94,4 фоизи шаҳрвандон ширкат варзида, 87,6 фоизи онҳо ба тарафдории қабули Конститутсия раъй доданд.
Доир ба муҳиммияти аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6-уми ноябри соли 2024 зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи мамлакат иброз доштанд, ки «... аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсия далели қатъии дар асоси меъёрҳои демократии аз ҷониби умум эътирофшуда қабул гардидани ин санади тақдирсоз мебошад».
Мусаллам аст, ки қабул шудани Конститутсия ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, волоияти ин санади олии ҳуқуқии кишварро таъмин менамояд.
Қобили зикр аст, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия қисми ҷудонашавандаи амалия ва таҷрибаи конститутсионии ҷомеаи ҷаҳон мебошад. Аз ин ҷост, ки дар ҳамаи давлатҳо таҷрибаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ҷой дорад.
Боби 10-уми Конститутсия ба масъалаи тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи мамлакат бахшида шудааст. Тибқи он тағйиру иловаҳои Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ сурат мегирад. Раъйпурсиро Президент ва ё Маҷлиси намояндагон бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон таъин мекунанд.
Тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия Президент ё ҳадди ақал аз се як ҳиссаи умумии аъзо ва вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунанд. Пешниҳоди тағйиру иловаҳои Конститутсия се моҳ пеш аз раъйпурсӣ дар матбуот чоп мешавад.
Яке аз санадҳои қонунгузорие, ки масъалаҳо вобаста ба ташкил ва гузаронидани раъйпурсии умумихалқиро танзим намудааст – Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки 4-уми ноябри соли 1995 аз ҷониби Маҷлиси Олӣ қабул ва аз тарафи Президенти мамлакат ба имзо расидааст.
Дар Қонуни конститутсионии фавқуззикр мафҳуми раъйпурсӣ ба таври зерин маънидод шудааст: «Раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоздиҳии умумихалқӣ оид ба масъалаҳои муҳимми ҳаёти давлатию ҷамъиятии ҷумҳурӣ мебошад».
Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади рушди давлатдории миллии Тоҷикистон, таъмини пойдориву суботи мамлакат, сулҳу Ваҳдати миллӣ, ба вуҷуд омадани дигаргуниҳои куллан нав дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, такмили асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, таҳкими ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд мусоидат намуданд дар мамлакат се маротиба: 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки таѓйиру иловаҳо ба Конститутсия 1 маротиба аз ҷониби Президенти мамлакат ва 2 маротиба аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардиданд.
Дар заминаи таѓйиру иловаҳои соли 1999 ба Конститутсия воридгардида, Маҷлиси Олӣ – парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис дода шуд. Илова бар ин, дар асоси ин тағйиру иловаҳо дар мамлакат падидаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» рӯйи кор омад.
Тибқи таѓйиру иловаҳои соли 2003 ба Конститутсия воридгардида, дар сатҳи Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардида, муқаррар шуд, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.
Дар асоси таѓйиру иловаҳои соли 2016 ба Конститутсия воридшуда ба ҷавонон шароит муҳайё гардид, ки дар интихобот ба мақомоти ҳокимияти қонунгузор ва идоракунии давлатӣ ширкати фаъолона дошта бошанд. Ҳамчунин, ба моддаҳои дахлдори Конститутсия таѓйиру иловаҳои муҳим ворид ва муқаррар гардид, ки ба вазифаҳои масъулиятноки Президент, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, аъзои Ҳукумат ва мақомоти ҳокимияти судӣ, шахсоне интихоб ё таъин карда мешаванд, ки бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд.
Дар умум, тағйиру иловаҳое, ки солҳои 1999, 2003 ва 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи мамлакат ворид карда шуданд, мазмуну моҳият ва меъёру муқаррароти ин қонуни асосиро такмил бахшида, ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди устувори минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат намуданд.
Ҳамин тавр, дар шароити кунунӣ моро зарур аст, ки меъёру муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кору фаъолият қарор бидиҳем ва баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва хизмати содиқонаву софдилона ба халқу меҳан ҳамеша саъю кӯшиш намоем.
Сайнозимзода Фирӯз,
сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ
ва сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ








