«Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон танзимгари ҳуқуқи башар дар ҷаҳон»
Ҳамасола дар саросари олам 10-уми декабр ҳамчун рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯзи таърихӣ сарчашма мегирад аз рӯзи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон. Яъне 10 декабри соли 1948 дар шаҳри Парижи Франсия дар Созмони Миллали Муттаҳид бузургтарин ҳуҷҷати мутааллиқ барои ҳаммаи миллатҳо «Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон» қабул гардидааст. Тибқи моддаи 10-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин санади муҳими байналмиллалӣ ҷузъи таркибии қонунгузории кишвари мо Тоҷикистон ба шумор меравад.
Бо ин мақсад тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 10-уми декабр ҳамчун «Рӯзи ҳуқуқи инсон» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардида, ҳамасола ҷашн гирифта мешавад.
Ҷиҳати таҷлили ин рӯзи таърихӣ аз ҷониби мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳури Тоҷикистон ҳар сол аввали моҳи декабр «Ҳафтаи ҳуқуқи инсон» гузуронида мешавад ва аз ҷониби кормандони Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдори вилоят чорабиниҳои сиёсӣ ва ҳуқуқию маърифатӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон роҳандози мегардад, ки дар ин чорабиниҳо самтҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти мардум ва сатҳи риояи ҳуқуқи инсон дар ҷомеа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд. «Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон» аз пешгуфтор ва 30 модда иборат буда, мақсади асосии он ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷаҳон мебошад. Дар Эъломияи мазкур ҳуқуқҳое сабт шудаанд, ки зиндагию фаъолияти шоиста ва шарафмандонаи ҳар як инсонро дар тамоми давлатҳо дар бар мегиранд. Нақши ин санади муътабар барои инсоният дар даврони имрӯза хеле муҳим ва бузург мебошад. Зеро дар Эъломияи мазкур дарҷ гардидааст, ки эътирофи шаъну шараф ба ҳамаи инсонҳо хос буда, ҳуқуқҳои баробар ва дахлнопазирии онҳо асоси озодӣ, адолат ва сулҳи умуми мебошад.
-ҳуқуқу озодиҳои инсон бояд тавассути қонун дар ҷаҳон ҳимоя карда шавад, дар миёни халқҳои олам муносибати дӯстона ҷори карда шавад.
Инчунин, дар эъломияи мазкур дарҷ гардидааст, ки тамоми одамон озод ва аз ҷиҳати шаъну шараф ва ҳуқуқҳо баробар ба дунё меоянд. Онҳо соҳиби ақлу виҷдон ва бояд бо якдигар муносибати бародарона дошта бошанд.
-ҳамаи одамон новобаста аз миллат, нажод, забон, ранги пуст, ҷинс ва дигар ақидаҳои динию сиёсӣ дар ҳамаи давлатҳо ҳуқуқи баробар доранд.
-ҳар инсон ба ҳаёту озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ ҳуқуқ дорад.
-ҳеҷ кас набояд дар ғуломӣ ё ҳолати ғайри озоди нигоҳ дошта шавад.
-ҳеҷ кас набояд таҳти шиканҷа ва ҷазои бераҳмонаи ғайриинсони қарор дода шавад.
-ҳар инсон ҳуқуқ дорад, ки дар ҳудуди ҳар давлат озодона рафтуомад ва ба худ маҳалли зист интихоб кунад (албатта дар асоси қонунҳои амалкунандаи ҳамон давлат).
-ягон инсон барои дохил шудан ба иттиҳодияҳои динни ва ҷаъмияти маҷбур карда намешавад ва дигар масъалаҳое, ки вобаста ба ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҳаёти имрӯза бояд амали карда шаванд дар ин Эъломия дарҷ гардидаанд. Дар ин эъломия ҳамчун роҳнамои ҳуқуқи башар ҳамаи ҳуқуқҳои инсонӣ, аз қабили ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба моликият, ҳуқуқ ба таҳсил, мерос, интихоби манзил, афкору эътиқод ва ҳифзи сиҳатӣ, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ба ин монанд дарҷ гардидааст. Ин Эъломия тавонист, ки сарфи назар аз сохти давлатдорӣ, мафкураву эътиқоди динӣ ва одату анъанаҳои халқҳои ҷаҳон дар худ ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҷой диҳад. Cарфи назар аз ин хусусиятҳои номбаршуда, тамоми инсонҳо бояд аз ҳуқуқу озодиҳои инсонӣ бархурдор бошанд. Эъломияи мазкур дар шароити имрӯза барои башарият ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон дар тамоми ҷаҳон аз ҷониби кулли одамон, ҳамчун санади тақдирсозу муътабар қабул гардидааст ва тули 77 сол мешавад, ки мавриди амал қарор дораду ба халқи ҷаҳон асосҳои адолати ҳуқуқиро пешбинӣ намуда хизмат мекунад. Эъломияи мазкур дар худ принсипҳои башардӯстӣ, мақоми олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва озодона кору зиндагӣ кардани инсонҳоро дар ҷаҳон дарҷ намуда, баҳри дар амал татбиқ гардидани онҳо давлатҳои аъзо вазифадор гардидаанд, ки иҷрои онро таъмин намоянд. Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон яке аз санадҳои байналмилалии асосӣ маҳсуб шуда, дар марҳилаи басо муҳими таърихӣ, ки дар аксарияти давлатҳои ҷаҳон нобаробарии ҳуқуқҳои шахсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ҳукмфармо буд, қабул гардида, ба рушди ояндаи ҳуқуқи инсон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ заминаи босубот гузошт. Дар Эъломияи мазкур диққати асосӣ ба эътирофи шаъну шарафи шахс, баробарҳуқуқӣ, озодӣ, адолат ва сулҳ дар ҷаҳон равона гардида, озодии сухан, виҷдон ва эътиқод эътироф шуда, поймол намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ман карда шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳони ҳамчун давлати уҳдадор аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гаштани худ, ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши оли қабул карда, тамоми санадҳои асосии байналмилалии ҳуқуқи инсонро ба тасвиб ва баҳри амалишавии онҳо корҳои зиёдро ба анҷом расонидааст.
Маврид ба зикр аст, ки дар мазмун ва муҳтавои ин санади байналмилалӣ саҳми сазовори гузаштагони халқи тоҷик низ баръало таҷассум ёфтааст. Чунки таърих исбот намудааст, ки аввалин бор дар ҷаҳон соли 539 пеш аз мелод баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии инсон аз ҷониби насли нажоди мо шоҳаншоҳи оқилу дурандеш ва боадолату боинсоф Куруши Кабир «Эъломияи ҳуқуқи башар» қабул гардидааст ва «Эъломи умумии ҳуқуқи инсон», ки 10 декабри соли 1948 аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид қабул карда шуд сарчашма мегирад аз ана ҳамон Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки ин инфтихори миллати мо тоҷикон мебошад.
Пас мо шаҳрвандони Тоҷикистони азиз бояд шукрона аз он кунем, ки давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд ва миллати бузурги номдору таърихи дорем. Моро зарур аст, ки маърифати ҳуқуқии худро баланд бардорем аз ҳуқуқу озодиҳои худ дифо намуда, ин шароити мусоиде, ки аз ҷониби Давлату Ҳукумат барои мо шаҳрвандон фароҳам оварда шудааст, самаранок истифода намем.
Бояд қайд намуд, ки донистани қонун ва ҳуқуқҳои худ ва амал намудан аз рӯи он ба манфияти ҳар як инсон аст.
Роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон
Давлатов Х.
.








