Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

July 2026
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

Ҷаъбасти фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026

         Санаи 9 июли соли 2026 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти мақомот дар шашмоҳаи якуми соли 2026 баргузор гардид.

      Дар кори ҷаласа инчунин намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мудири шуъбаи раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҳокимбек Содиқзода иштирок намуданд.

         Сараввал Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон -Умед Бобозода ҷаласаи кориро ифтитоҳ бахшида, вобаста ба фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шашмоҳаи якуми соли 2026, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон, нишондиҳандаҳои мақомот ва камбудиҳои ҷойдошта доир ба самтҳои суханронӣ намуданд.

 

      Инчунин, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Умед Бобозода вобаста ба дар сатҳи олӣ пешвоз гирифтани ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба гузаронидани ташвиқу тарғиб вобаста ба қабули Қатъномаи СММ «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» ва  пешниҳоди маълумот оид ба татбиқи санади авф аз 16.06.2026 ибрози сухан намуданд.

        Ҳамзамон, Мудири шуъбаи раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҳокимбек Содиқзода дар кори ҷаласа суханронӣ намуда, аз ташаббуси инсондӯстонаи сатҳи байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон гардидани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ», ёдовар шуда, нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро дар тақвияти ҳамкориҳо, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон калидӣ арзёбӣ намуданд. Аз ҷумла, иброз доштанд, ки нақши мақомот дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифта, ҳамзамон пешниҳод намуданд, ки фаъолият дар самти тарғибу ташвиқи амалии ин ҳадафҳо чоннок карда шавад.

       Ҳамзамон, дар рафти ҷаласаи ҷамъбастӣ ҳисоботи муовини Ваколатдор Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, сардорони шуъбаҳои дахлдори мақомот ва Намояндагиҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилоятҳо манзур гардида, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

     Аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвият додани фаъолияти минбаъда дар соли 2026 ба роҳбарони сохторҳои дахлдори мақомот дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

       Дар фарҷом Умед Бобозода - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии пайвастаашон дар самти ҳуқуқи инсон баён намуда, қайд намуданд, ки минбаъд низ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳидоятҳои дар паёми навбатӣ ироагардида тамоми кушишро ба харҷ медиҳем.

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор